Categories Uncategorized

Тазоҳуроте, ки ҷони 23 нафарро рабуд

nahzat.tj

Зимни баргузории тазоҳуроти густарда алайҳи филми «Бегуноҳии мусулмонон» дар Покистон  задухурди шадиде миёни мардуми маҳалли ин кишвар ва мақомоти пулис ба миён омад, ки дар натиҷа  23 нафар кушта шуда, садҳо тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Бино ба навиштаи расонаҳои хабарӣ,  тазоҳургарон дар Исломобд – пойтахти ин кишвар ба сӯи сафоратхонаҳо роҳпаймоӣ намуда, аз ҳукумат хостаанд, то сафирони Амрико ва Фаронсаро аз кишвар берун намояд.

Инчунин, манбаъ меафзояд, ки ду синамо ва чанд сохтумони дигар низ дар шаҳри Пешовари кишвари мазкур аз ҷониби тазоҳуркунандагон ба коми оташ кашида шудааст.

More From Author

You May Also Like