Таваҷҷуҳ ба номаи Муҳаммад (с)

Санадеро аз як калисои куҳи Сино кашф кардаанд, ки номаи Расули акрам (с) буда, дар соли 620 мелодӣ ба ин калисо ирсол гаштааст, расонандаи нома ҳам ҳазрати Алӣ (к) мебошад.
Дар ин нома Паёмбари Худо (с) аҳд карда, ки аз масеҳиён ҳимоят ва заминаи озодии ибодату даъват ба дини масеҳиятро фароҳам месозад.
Султони Салими аввал, подшоҳи усмонӣ ин номаро таъйид карда, дар соли 1517 онро ҳамроҳ бо дигар дастхатҳо дар музейи имперотурии усмонӣ дар Қустантания гузоштааст. Тарҷумаи ин нома ба забони инглисӣ ва испонӣ ҳам ба нашр расида, ки матни комили он чунин аст:
“Ин паймонномаи Муҳаммад, писари Абдуллоҳ бо масеҳиён аст.
Мо бо онҳоем, хоҳ аз мо дуранд, хоҳ наздик. Ман ва ансору пайравонам барои дифоъ аз онҳо омодаем ва масеҳиён раъияти мананд.
Ба Худо савганд ҳар он чиро, ки мавриди ризояташон набошад, дур хоҳам кард ва ҳеҷ иҷборе бар онҳо нест.
Қозиҳояшонро худи онҳо интихоб хоҳанд кард ва роҳибонашон ҳам дар дайрҳо боқӣ мемонанд.
Ҳеҷ кас ҳақ надорад ибодатгоҳҳои масеҳиёнро вайрон кунад ё ба онҳо осеб расонад ва ҳақ надорад, ки чизе аз он макон бардораду ба хонаи мусалмонон барад.
Ҳар касе ғайр аз ин мекунад, аҳди Худоро шикаста, аз Расулаш нофармонӣ кардааст.
Масеҳиён ҳампаймони мананд. Бо онҳо аҳд бастаам, ки дар ҳукумати ман бо чизи нохушоянде рубарӯ намешаванд.
Ҳеҷ кас набояд онҳоро водор ба ҳиҷрат ё маҷбур ба ҷанг намояд, балки ин мусалмононанд, ки бояд онҳоро ҳимоят кунанд.
Агар мусалмоне бо зани масеҳие издивоҷ кунад, ин издивоҷ ҳатман бояд бо ризояти он зан бошад, ҳаргиз набояд ӯро аз рафтан ба калисо ва ибодат дар он боз дорад. Калисоҳои масеҳиён бояд мавриди эҳтиром бошанд ва набояд таъмири онҳо манъ карда шаваду ҳурмати аҳду паймонашон шикаста шавад.
То рӯзи қиёмат ҳеҷ як уммати мусалмон ҳақ надорад ин паймонномаро бишканад”.
Ин аст дини воқеъӣ ва сиёсати он Ҳазрат (с), ки фиристодаи илоҳист, бар хилофи касоне, ки имрӯз ҳатто ҳамдинони худро танҳо барои ихтилофи ҷузъӣ қатли ом мекунанд ва ё пеши роҳи ибодати онҳоро мегиранд, бар хилофи он чи имрӯз дар Сурияву Ироқ мегузарад.
Гурӯҳе ба номи дин на ба мусалмон раҳм мекунанду на ба ғайри мусалмон, гурӯҳи дигар бо баҳонаи ҷудоии дин аз сиёсат ва ё дунявият бадтарин зулмро ба мардум раво мебинанд.
Дар ҳоле ки ин санад ҳам даъвои дунявиҳои ифротӣ ва ҳам хушунатҳои ифротиҳои диниро маҳкум мекунад.

Таҳияи Б. Қаюмзод

More From Author

You May Also Like