Categories Uncategorized

Тавзеъи беш 110 ҳазор Қуръон дар посух ба филми зиддисиломӣ дар Лондон

Як ҷамъияти Англия дар Лондон дар посух ба филми тавҳиномези амрикоии “Бароат аз мусалмонон” иқдом ба тавзеъи беш аз 110 ҳазор нусхаи Қуръони карим кард.

Ба гузориши хабаргузории “Куллулватан”, ҷамъияти Англия “Discover Islam UK” дар Лондон, дар посух ба филми амрикоии тавҳиномез ба Ислом ва Паёмбар (с) беш аз 110 ҳазор нусхаи Қуръони карими тарҷумашуда ба ҳабонҳои зиндаи дунё ва сирати Паёмбар (с) дар миёни мардуми ин кишвар тавзеъ кард.

Ҳамчунин ин иқдомро дарсе барои касоне донист, ки мусалмононро ба террорист будан муттаҳам мекунанд. Сохти филми амрикоии тавҳиномези “Бароат аз мусалмонон” бо эътирозҳои зиддиамрикоии мусалмонони ҷаҳон рӯ ба рӯ шуд. Кушта шудани сафири амрикоӣ дар Либя ва теъдоде аз дипломатҳои Амрико аз паёмадҳои ин ҳодиса буд, ки дар натиҷа дар кишвари Либя тақрибан 50 нафар гумонбар боздошт шуданд.

Ин дар ҳолест, ки кишвари Либя кушта шудани сафири Амрикоро кори дасти берун медонад ва дар гузорише онро таъйид карда буд, ки ин иқдом аз тарафи хориҷ тавассути шаҳрвандони Либя сурат гирифтааст.

More From Author

You May Also Like