Categories ҶОМЕА

Тавонмандӣ дар пуштибонии забон ва баргашт ба ҳуруфи ниёкон

Тоҷикистон ва миллати шарифи он дар заминаи истиқлолияти хеш ва доштани Давлати миллӣ ба сатҳи лозиме расида, ки забони худро ҳифз карда метавонанд ва дар ин маврид набояд баҳси дигаре вуҷуд дошта бошад, агар вобастагиҳои кӯчаку зарурии иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ бо мурури вақт коҳиш пайдо намоянд ва авлавият қарор додани баъзе омилҳо аз байн бираванд.
25 сол қабл, агар дақиқтар карда гӯем, 22-юми июли соли 1989 дар яке аз сессияҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон, қонуни забон қабул гардид, ки барои миллат, бахусус соҳибандешону рушанфикрон рӯзи таърихӣ қарор гирифт, чун талошҳои беназире бар харҷ дода шуданд. Ва ҳиҷ далели расмӣ ва ғайрирасмие ин лаҳзаҳои ҳассосу сарнавишсозро аз афкори шоҳидони вақт, бахусус аз саҳифаи таърих зудуда наметавонад.
Ба ин хотир, даст задан ба табдили чунин як санаи таърихӣ, аллакай коҳиш додан ва ба фаромӯшӣ супоридани лаҳзаҳои ҳассосу таърихсози миллат буда метавонад. Таҷлил аз лаҳзаҳои хоси таърихсозиро набояд ба таътили хонандагону донишҷӯён вобаста кард. Агар ояндагони миллат ба ин гуна лаҳзаҳои таърихӣ эҳтиром қоил бошанд, онро дар зимистони қаҳаратун ё чиллаи тобистон ҳам таҷлил хоҳанд кард.
Бале, эҳтимол дар заминаи кадом ниёзҳое ба қонуни забон ислоҳот ворид гардид, вале анҷоми кор бо амри тасодуф ё чизи дигаре ба рӯзи 5-уми октябри соли 2009 рост омад. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки сабаби интиқоли ин рӯзи таърихӣ ба рӯзи қабули ислоҳот дар чист? Дар Конститутсия ва иддае аз қонунҳои мухталифи дигар ҳам борҳо ислоҳот ворид кардаем, вале чаро ҳадди ақал яке аз рӯзҳоеро рӯзи қабули ислоҳот ё рӯзи Конститутсия эълон надоштем?
Тадбирҳои дигари ҳадафмандонаи ҳукумат дар татбиқи сиёсати давлат дар бораи забон ва пешниҳоди «Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ дар кишвар» аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим маҳсуб меёбанд, ки метавонанд дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ин сиёсат ҳамчун дастури муфид истифода шаванд.
Дар моддаи дуюми Конститутсия гуфта мешавад: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад».
Забони русӣ ҳамчун забони муъоширати байни миллатҳо амалӣ мешавад. Халқу миллатҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модарӣ озодона истифода баранд.
Мутаассифона, ҳамин зербанди дувуми моддаи қонун то ба сатҳе коргир қарор дорад, ки дар аксари нишасту маҳфилҳо бо ҳар роҳу васила ба забони русӣ авлавият дода мешавад.  Маҳз ҳамин тарзи бархурд боис шуда, ки тӯли даҳсолаҳо муъошират бо забони давлатӣ барои шаҳрвандони кишвар зарурият қарор намегирад ва ин худ нишонаи беэътиборӣ ба забони миллатест, ки кишвараш Тоҷикистон ном дорад.
Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки «забон рукни асосии миллату давлат ва омили асосии давлат аст».
Қишри рушанфикри тоҷик бо сарбаландӣ ва ифтихори комил гуфта метавонад, ки забони миллат, дар аҳди Сомониён ҳамчун забони ягонаи ин сарзамин ва давлатдории он қарор гирифта, ҳамчун забони ташаккулёфтаи илмӣ эътироф мешуд, ҳатто берун аз қаламрави Сомониён ҳам. Дар ҳоле ки танҳо ба ин наздикӣ ин маъниро бо роҳандозии баррасиҳои рисолаҳои илмӣ дар дохили кишвар шакл доданием.
Дуруст аст, ки бо супориши Президенти ҶТ «Барномаи рушди забони давлатии ҶТ барои солҳои 2012-2016» таҳия ва нашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» бо ҷалби мутахассисони забоншинос анҷом дода шуд, ки то ҷое дар мустаҳкаму пойдор нигоҳ доштани забони миллӣ таъсир мегузорад. Вале боз ҳам корҳои зиёдеро дар заминаи ҳамин қонун ба роҳ бояд монд, агарчи бо берун кардани як мафҳуми ҳадафманд аз қонуни қаблӣ вазн ва моҳияти онро ба шиддат коҳиш додаем.
Ҷои тазаккур ҳам ҳаст, ҳар фарди солимфикре бояд фаромӯш насозад, ки забони миллат дар ҳама даврони таърихӣ ҳастии онро бозгӯ карда, омили муҳиме дар ҳифзи мероси камназиру арзишманди аҷдодони некному хирадманди миллат низ будааст. Агар мехоҳем миллат мустақим вориди омӯзиши мероси аҷдодони хеш бигардаду сатҳи илмии забон тақвият пайдо карда, афкори миллати тоҷик барои дигарон дар меҳварият қарор бигирад, табдили ҳарф ё бозгашт ба ҳуруфи ниёкон муҳим ва ногузир мебошад.
                                                                                                                                         Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода

More From Author

You May Also Like