Яке аз масъулини давлатии Олмон аз мувофиқати кишвараш мабнӣ бар тадриси дини Ислом дар бархе аз макатабҳои Олмон хабар дод.
Ба гузориши “Мафкуратул Ислом”, Луг Овҳан, вазири додгустарии Олмон бо баёни ин ки Ислом бахше аз ҷудоинопазир дар кишвари Олмон аст, эълом кард, ки тадриси масоили марбут ба дини Ислом аз ибтидои соли таҳсили 2013 ва 2014 дар мактабҳои шаҳри Ҳейсен оғоз хоҳад шуд.
Ҳамчунин яке аз мақоми баландпояи шаҳри Берлин дар ин замина дар гуфтугӯ бо рӯзномаи олмонии “Белд” аз теъдоди динҳо дар қораи Аврупо хабар дод ва хотирнишон кард, ки дини Ислом аз қарнҳо миёна дар Олмон вуҷуд доштааст.
Вай ҳамчунин зимни таъкид бар зарурати ошноӣ бо Ислом ҳамроҳ бо эҳтиром ба қонунҳо хушунатҳои сурат гирифта дар ҷомеаи Ғарб алайҳи мусалмонони ин қораро ба шиддат рад кард.
Гуфтанӣ аст, ки тибқи гузориши матбуъотии олмонӣ, аз ибтидои соли 2001 то кунун наздики 219 масҷид дар Олмон бо ангезаҳои сиёсӣ сурат гирифтааст, ки танҳо омилини 36 ҳамла шиносоӣ шудаанд, ки аксари онҳо аз наслҳои нави Олмон буданд.