Тавре қаблан иттилоъ додем, субҳи имрӯз масъулини иддае аз ниҳодҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Хуҷанд ба тахриби қароргоҳ шуъба шурӯъ намуданд ва болопӯши биноро ба замин афкандаанд, вале барои интиқол додани ашёи дохилии қароргоҳи ҳизб ягон маконеро ҷудо нанамуданд.
Ғиёсиддин Охунов, як масъули шуъба мегӯяд, «имрӯз бояд ашёи қароргоҳро ба ҷои муайне интиқол диҳем».
Ӯ гуфт, ки ҳукумат ҳоло ҳам ягон мавзеъро барои шуъбаи вилоятии ҲНИТ ҷудо нанамудааст. Ҳамчунин ин масъули ҳизб афзуд, ки мақомот гӯё барои қимати биноро пардохт намудан ҳудуди 900 ҳазор сомонӣ ҷудо менамудаанд, вале ҳоло ҳам ба таври расмӣ гуфта нашудааст, ки чӣ миқдор маблағ мешавад.
Ин ҳам дар ҳоле аст, ки Илҳомҷони Ёқуб, раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд гуфта буд, бинои қароргоҳ дуошёна буда, ҳудуди як миллион сомонӣ арзиш дорад.