Categories Uncategorized

Тазоҳуроти мухолифони Мурсӣ дар нахустин солгард

Ҳамзамон бо гузашти як сол аз оғози раёсати ҷумҳурии Миср даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми шаҳри Қоҳира, дар майдони Таҳрир ҷамъ омада, хостори канорагирии вай аз қудрат шуданд.

Ба гузориши “euronews”, мухолифони Мурсӣ мегӯянд, вай дар тӯли як соли гузашта натавониста ҳеҷ иқдоми мусбате дар ҷиҳати рафъи мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии дар кишвар бударо бардорад ва ба ҳамин далел хоҳони канорагирии ӯ аз қудрат ҳастанд.

Мухолифон ҳамчунин гуфтаанд, ки тавонистаанд 22 миллион имзо дар ҳимоят аз баргузории интихоботи зудҳангом дар Мис ҷамъ кунанд.

Тайи рӯзҳои гузашта, танишҳои сиёсӣ дар Миср афзоиш ёфтааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар баробари тазоҳуроти мухолифони Мурсӣ, ҳаводорону тарафдорони ӯ низ тазоҳурот карда ва аз раёсати ӯ тарафдороӣ кардаанд.

More From Author

You May Also Like