Categories ҶОМЕА

Танбеҳ – баҳои ҷони инсон дар Тоҷикистон

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, нафароне, ки дар марги Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ даст доштанд, танҳо аз вазифа озод карда шуда, ҳамчунин танбеҳ гирифтанд.
Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири умури дохилӣ дар шарҳи ин масъала гуфт, бо дастури роҳбарияти вазорат хидмати санҷишӣ гузаронида шуда, дар натиҷа, ваколатдори оперативӣ аз вазифаи ишғолкардааш барканор гашт. Ҳамчунин муовини сардори шуъба ва муовини сардори шуъбаи кофтукуви ҷиноятӣ танбеҳи қатъӣ гирифта, сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ низ огоҳонида шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси кишвар мегӯяд, танҳо як ҳафта пеш як нафар аз кормандони ШКД-и шаҳри Исфара аз кор озод карда шуд. Ҳол он ки 2-юми ноябри соли 2013 Умедҷон Тоҷиев худро аз тирезаи ошёнаи сеюми ШВКД-и маҳаллӣ худро ба замин партофта буд, ки дар натиҷа пойҳояш осеб диданд. Дар ҳамин ҳол, хонум Воҳидова мегӯяд, “дар сомонаи ВКД навишта шуда буд, ки нисбати 5 нафар кормандони ШКД-и шаҳри Исфара парванда оғоз шуда, онҳо аз кор сабукдӯш гардиданд. Лекин ҳамаи онҳо то соли нав адои вазифа менамуданд. Чун ман пайи ҳалли масоили дигар парвандаҳо дар шаҳри Исфара будам ва худам шоҳиди он ҳастам, ки ҳамаашон дар ҷои кор буданд”.
Дар ҳоле ки дар мавриди чораҷӯӣ нисбат ба дастандаркорони марги Умед Тоҷиев афкори мухталиф матраҳ мешаванд, аз Бузмаков суол кардем, ки то куҷо ин гуфтаҳо асос доранд, дар ҷавоб ҷаноби Бузмаков гуфт, ки “он иттилое, ки гӯё касе ҷазо нагирифтааст, ин нодуруст аст. Чорабиниҳо нисбати ин ҳодиса андешида шуда истодааст”. Вале суоле ба миён меояд, ки оё аз байн рафтани як инсон танҳо бо аз даст додани курсӣ ҷуброн мешавад? Чаро касе ҷиноят содир кардааст, дар заминаи қонун ҷазои воқеӣ намегирад?
Илова бар гуфтаҳои боло Воҳидова меафзояд, баровардани Умедҷон Тоҷиев ба утоқи кории шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ худ ҷиноят аст. Чунки тирезаҳои утоқи кории ин шӯъба оҳанпеч нест, ки ин шояд барои рӯзи мабодо бошад, ки одамро зада ба қатл мерасонанд, баъд мегӯянд, ки худаш афтид. “Чаро тамоми утоқҳои корӣ, ҳатто толори маҷлисгоҳ, ки ман аҳамият додам, оҳанпеч аст, яъне панҷараҳои оҳанин дорад, вале маҳз ин утоқи корӣ бо панҷараҳои таъмин нест? Тибқи талаботи моддаи 322-и Кодекси ҷиноӣ, ҷавобгӯ набудани утоқи корӣ барои нигоҳ доштану гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-тафтишотӣ аллакай ҷиноят аст”, иброз дошт хонум Воҳидова.
Дар мавриди танбеҳ гирифтани 3 нафар кормандони ШКД-и шаҳри Исфара Воҳидова бошад, мегӯяд “аз кор сабукдӯш кардану танбеҳ додан ин ҷазо нест, чунки ин ҷо одам мурдааст, бояд парвандаи ҷиноятӣ кушода, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд онҳо”. Ба андешаи Воҳидова он нафаронеро, ки ба ШКД-ҳо мебаранд, онҳоро шиканҷа карда, азияту зулму ситам медиҳанд ва дар натиҷа, онҳо ба ин тоб намеоранду худро ба поён мепартоянд. Хонум Воҳидова мегӯяд, чуноне ки дар Кодекси ҷиноятӣ, моддаи 143, прими 1-ро ҳамроҳ карданд, ки ин шиканҷа мебошад, бояд он нафароне, ки дар шиканҷа кардан даст доранду аз ҳади ваколати хизматӣ баромаданд, тибқи моддаи шиканҷа, аз 7 то 12 сол аз озодӣ маҳрум гарданд. Моддаи 316 барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ бошад, аз 5 то 10 сол аст ҷазо пешбинӣ намудааст.
Ёддовар мешавем, ки Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ санаи 19-уми январ дар бемористони маҳбаси Хуҷанд аз дунё даргузашт.

More From Author

You May Also Like