Categories ҶОМЕА

Иттифоқи бузург бо иттифоқе дигар

Ин субҳ Шаҳрия Аҳтамзод навиштаҳои шоираи халқии Тоҷикистон, Ҳадисабонуро хондаву хушаш омада, ки гуфтааст: Воқеъан як Иттифоқи бузургеро (Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар назар аст), ки даргоҳи тарбия ва худшиносию ватандустдорӣ буд, имрӯз, ба гуфти апаи Ҳадисабону, дукони ҷоизафурӯришиву унвонфурушӣ шуд. Ва банда назме сароидам дар ин маврид:
Имрӯз Иттифоқро коре муҳол шуд,
Он Иттифоқи обрӯ зери суол шуд.
Буд хонаи муҳаббати навшоирон агар,
Инак макони ҳарзаи Кампиру Чол шуд.
Оне, ки менавозад он мардони Иттифоқ,
Инак бубин шоири халқии сол шуд.
Бояд зи шеъри шоирон ояд садои васл,
Дардо, ки шеър минбари ҷангу ҷидол шуд.
Сад офарин ба ҳиммати Боқию Мирзо,
Имрӯз чун намунае бар мо мисол шуд.
Валлоҳ рост гуфтааст, як шоири дигар,
Аъзои ифтихорияш хору пахол шуд.
Будаст як замон агар ҷои муқаддасе,
Инак макони кинаю фанду вубол шуд.
Шаҳрия Аҳтамзод

More From Author

You May Also Like