Categories Ахбори рӯз

Тасвиби баёнияи кишвари Сурия дар Шӯрои амнияти СММ

Шӯрои амнияти СММ 21.03.12 баёнияи Сурия барои поён бахшидан ба хушунатҳо дар ин кишварро ба иттифоқи оро тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории “sunnionline”, дар ин баёния, ки пас аз моҳҳо мавриди баҳсу муҳокима дар Шӯрои амният тасвиб шуд, аз ҳар ду тарафи даргир дар Сурия, яъне аз давла ва опозитсиюни ин кишвар хоста шуда, то ҳар чи тезтар хушунатҳоро аз байн баранд. Ин баёния ҳамчунин ба давлати Сурия ҳушдор дода, ки дар сурати пойбанд набудан ба тарҳи сулҳи Кофи Аннан, Шӯрои амният даст ба иқдомҳои бештаре хоҳад зад. Дар хусуси шаклу мӯҳтавои ин иқдомҳо тавзеҳи бештаре нашудааст.

Баёнияи Шӯрои амният, зимни нигаронӣ аз вазъият инсонӣ дар Сурия ба манзури имкони ирсоли кӯмакҳои инсонӣ ба осебдидагони ин даргириҳо, хостори оташбаси дусоата ба шакли рӯзона миёни тарафҳои даргир дар Сурия шуд. Дар баёния аз тарафи Кофӣ Аннан, дабири кулли пешини СММ барои ҳаллу фасли бӯҳрони Сурия ҳимояти комил шудааст.

More From Author

You May Also Like