Буҳрони молии ахир дар Русия, ки ношӣ аз таҳримҳои иқтисодии Ғарб алайҳи ин кишвар аст, ба шиддат вазъи иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба вижа Тоҷикистону Қирғизистонро таҳти таъсир қарор додааст.
Ба гузориши хабаргузории “tajik.irib.ir”, бар асоси омори Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2014 мизони маблағҳои равонкардаи коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишвар баробар бо ниме аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар ва дар Қирғизистон ин рақам бо 42 дарсад баробар буд, ки ин мавзуъ вобастагии шадиди ин ду кишварро ба иқтисоди Русия нишон медиҳад.
Дар соли 2014 мизони маблағҳои равонкардашудаи коргарони тоҷик ба кишвар аз Русия 3 милиарду 800 миллион долларро ташкил медод, ки дар муқоиса бо соли пеш аз он 324 миллион доллар ё наздик ба 8 дарсад камтар буд. Дар ин давра мизони маблағҳои ирсолии коргарони муҳоҷири қирғизӣ аз Русия ба кишварашон низ ба коҳиши 5 дарсадӣ рӯбарӯ шудааст.Тибқи навиштаи хабаргузорӣ, дар Узбакистон ин мизон ба беш аз 15 дарсад расидааст.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши Бонки ҷаҳонӣ беш аз ними мардони тоҷик дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекунанд ва ин афрод бо ирсоли маблағҳои молӣ заминаи таъмини ниёзҳои маъишатии хонаводаҳои хеш ва ҳифзи суботи иҷтимоӣ дар дохили Тоҷикистонро таъмин менамоянд. Аммо акнун дар ин ду кишвар қобилияти хариди мардум коҳиш ёфта, ки ин масъала ба вижа бар бозори муъомилоти замин, маскан таъсири манфӣ дошта сабаби коҳиши арзиши пули миллии ин ду кишвар низ шудааст.