Categories ДИДГОҲ

Таҳаввулоти деринтизор дар низоми бонкӣ

Тӯли чанд сол аст, ки баҳси хешутаборӣ ва ошнобозиҳо дар тамоми ниҳодҳои ҳукуматӣ, бахусус дар низоми бонкӣ дар саҳифаи ВАО-и мустаъқил мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад ва далелҳои собите низ ироъа мегарданд. Агар ба ин ҳама навиштаву гуфтаҳо таваҷҷӯҳи лозим сурат мегирифт, мақомдороне пушти панҷараи маҳбас менишастанд.
Ба ҳар ҳол, феълан чунин ба назар мерасад, ки ҳукумат барномаи барҳамзании «хушутаборчигӣ»-ро дар иддае аз ниҳодҳои иҷроии худ оғоз карданист, аз ҷумла дар низоми бонкӣ.
Тавре манобеъ иттилоъ медиҳанд, агар дар 7 моҳи соли равон 106 нафар аз низоми бонкӣ барканор шуда бошанд, аксари онҳо дар заминаи хешутаборчигиву ошнобозӣ ва маҳалчигӣ будааст. Яъне чунин як таҳаввулотро дар се бонки аслии кишвар: Бонки миллӣ, Амонатбонк ва Агроинвестбонк шурӯъ кардаанд.
Аммо ҷанбаи дигари масъала ҳам ҷой дорад, ҳамаи онҳоро бо ҳамин далел аз кор сабӯкдӯш намекунанд ва ё ба кори дигар ҳам намегузаронанд, яъне «формулировка»-и қаблӣ агар истифода нашавад, дар долонҳои ҳукумат мушкили дигаре эҷод мешавад. Ба ин хотир, иддаеро тибқи талаботи модаҳои алоҳидаи Кодекси меҳнат бо хоҳиши худ, иддаи дигарро бо дарназардошти тартиби ҷойивазкунӣ дар низоми бонкӣ аз кор канор мебаранд ё ба вазифаи дигаре интиқол медиҳанд.
Ба ҳар ҳол, курсии иддаеро тибқи қонунгузорӣ оиди мубориза ба зуҳуроти номатлуб дар низоми давлатдорӣ мегиранду ба дигар нафар месупоранд. Тавре дар Бонки миллӣ мегӯянд, мутахассисони «соҳибтаҷрибаи бонк» дар бисёр мавридҳо барои иҷрои вазифаҳои масъулиятнок ба ташкилотҳои дигари қарзӣ сафарбар мешаванд. Барои мисол, онҳо аз зинаҳои поёнӣ ба боло бардошта шуда ё баръакс барои «кӯмак» ба ниҳодҳои маҳаллии бонкӣ фиристода мешаванд.

More From Author

You May Also Like