Categories Uncategorized

Оқибати пизишке ки Бин Лоданро фурухт

Дуктур Шакил Офаридӣ, ки бо роҳи андохтани як барномаи ҷаълӣ дар минтақаи Ибит Обод муваффақ ба шиносоии макони Бин Лодан шуда буд, ба ҷурми хиёнат ба 33 соли ҳабс маҳкум шуд.

Ба гузориши “Афкор ниюз”, додгоҳе дар Покистон Шакил Офаридиро ба иллати кӯмак ба Созмони ҷосусии Амрико дар ташхиси ҳувият ва ёфтани махфигоҳ Усома писари Лодан, раҳбари шабакаи “Алқоида” ба ҷурми хиёнат ба кишвар муттаҳам ва ба пардохти 3 ҳазору 500 доллар ҷарима, ҳамзамон 33 соли ҳабс маҳкум кард.

Шакил касе аст, ки муваффақ шуд мақомоти маҳаллии Покистонро қонеъ кунонад, ки дар минтақаи Ибит Обод беморие мардумро мубтало кардааст ва бояд барои пешгирии он як барномаи саросарӣ ва санҷиши тиббӣ дар ҳар хонаи маскуни ин минтақа гузаронида шавад.

Ӯ тавонист бо ин найранг тавонист, хонаеро ки Созмони ҷосуси Амрико мадди назар қарор доранд, тафтиш намояд ва муайян созад, ки дар ин хона кӣ ба сар мебарад, қабл аз ин созмони амрикоӣ кӯшиш карда буд, то Усомаро тавассути духтари дуктур пайдо намояд, вале онҳо дар ин самт ноком гардиданд.

Пас аз содир шудани ҳукми дуктур, мақомоти амрикоӣ ҳамкории ӯро бо Созмони ҷосусии Амрико такзиб накардаанд, аммо ҳукми додгоҳро бемаврид донистанд.

More From Author

You May Also Like