Кормандони бахши интизомӣ дар деҳаи Тутакаи ҷамоъати Алмосии ноҳияи Ҳисор амалиёти боздошти як фарди муттаҳам дар қатлро анҷом доданд.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ дар ҷараёни ин амалиёт ҳудуди ёздаҳ мошини кормандони интизомӣ ба деҳаи Тутака барои боздошти ин фард ворид шуда буданд ва ба ҳаво тирандозӣ кардаанд.
Ба гузориши “ВВС”, Вазорати кишвари Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса гуфтааст, ки якуми август кормандони пулис амалиёти боздошти Далер Ҷалолов, сокини ноҳияи Шаҳринав – боздоштии фарориро дар ин маҳал анҷом додааст.
Бино ба иттилоъи ин манбаъ додситонӣ алайҳи оқои Ҷалолов тибқи модаҳои 104, қисми як (одамкушии амдӣ) ва модаи 212, қисми як (нақзи қавоилди роҳ) иттиҳом ворид карда ва ӯро қаблан боздошт карда буд.
Аммо рӯзи 29-уми июл ба ҳангоми бозпурсӣ дар додситонии ноҳияи Рӯдакӣ оқои Ҷалолов аз сохтмони ин ниҳод аз ҳабси пешакӣ фарор карда буд.