Categories Uncategorized

Тифли солим чигуна ба дунё меояд?

Занҳо он ҳама машаққати рӯзҳои бордориашонро ба хотири умеди дидани навзоди худ ва шунидани садои ӯ таҳаммул мекунанд. Аммо баъзан мутаассифона, ин ҳама орзӯю умеди онҳо амалӣ намешавад. Зеро тифли навзодашон мурда ба дунё меояд.

Бино ба натоиҷи як пажӯҳиш дар Австралия аксар вақт заноне ба ин гуна мусибат рӯ ба рӯ мешаванд, ки ҳангоми бордориашон бештар ба пушт хоб мераванд.

Ба пушт хобидани модар боиси он мешавад, ки ҷанин наметавонад ба роҳатӣ дар шиками модараш ҳаракат кунад ва низ ба нафаскашии ӯ мушкил эҷод мекунад. Яке аз пизишкони анҷомдодаи ин пажӯҳиш Гордон мегӯяд, “Албатта, хобидан ба пушт барои муддати кӯтоҳ хатаре надорад. Аммо занони ҳомила набояд ҳамеша чунин истироҳат намоянд”.

Инчунин манбаъ афзуда, ки суръати рушди ҷанин, авомили зистимуҳитӣ ва физеологӣ низ дар ғайризинда ба дунё омадани тифл боис хоҳад шуд.

More From Author

You May Also Like