Categories Uncategorized

«ТоҷикЭйр»: Техника фурӯхта намешавад

Nahzat.tj

Ба гуфтаи масъулини «ТоҷикЭйр» феълан дар ширкати «ТоҷикЭйр» 36 адад ҳавопаймою чархбол ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳамагӣ 12-тои он мавриди истифода қарор мегирад.

Масъулини «ТоҷикЭйр» дар баробари чархболу ҳавопаймоҳои истифодашаванда як Боинги 757-200, ду Боинги 737-500, як Боинги 737-300, як Ту-154, як Ан-26, як Ма-60 ва се чархболи -8МТВ – ро ном бурданд, ки мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Сӯҳроб Ҷураев, роҳбари техникии «ТоҷикЭйр» тазаккур медиҳад, ки табдил додани техникае, ки мо дорем ба боркашонӣ хароҷоти зиёд мехоҳад. Аз ҷумла барои боркаш намудани як тайёраи ТУ -154 3 миллион доллари амрикоӣ лозим аст, ки ширкат чунин имкониятҳоро надорад.

Масъулини ширкат мегӯянд бисёри ширкатҳои хориҷӣ омодаанд, техникаашонро ба сифати оҳанпора харидорӣ намоянд, ки ин барои ширкат зарари калони иқтисодӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз аз фурӯши техника то ҳол худдорӣ карда мешавад.

More From Author

You May Also Like