Рӯзи 26-уми сентябр лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”, ки аз тарафи вакилони ҲНИТ: Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ барои баҳсу баррасӣ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешиҳод шуда буд, тарафдории Шӯрои Маҷлиси намояндагон пайдо накард.
Таври маълум, вакилони ҲНИТ 25-уми апрел бо ҳадафи пешгирӣ аз “облава”, таъмини бехатарии даъвати ҷавонон ба аскарӣ, аз байн бурдани ришвахорӣ дар мавсимҳои даъват ба аскарӣ ва муҳайё намудани замина барои таъсиси артиши касбӣ лоиҳаи мазкурро ба парлумон пешниҳод карданд. Аммо як хулосаи манфии Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи мазкур, аз 1-уми август манфӣ нагузошт, ки лоиҳа мавриди баррасии вакилон қарор бигирад, Ҳукумат дар як ҷумла мавқеъи хешро ҷамъбандӣ кардааст: “лоиҳа ба шакли пешниҳодшуда дар маҷмӯъ қобили дастгирӣ намебошад”.
Дар ҳоле ки лоиҳаи ҲНИТ чаҳор пешниҳодро дар назар дошт:
– Шаҳрвандоне, ки бидуни доштани сабабҳои қонунӣ ӯҳдадории ҳарбиро анҷом надодаанд ва ё тибқи талаботи лоиҳаи пешниҳодшуда, маблағи лозимиро ба буҷаи давлат насупурдаанд, ба хидмати давлатӣ ҷалб карда намешаванд.
– Барои таъминоти молиявии беҳтари артиш, хазинаи махсуси пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи ҶТ аз ҳисоби буҷа, инчунин маблағҳои шаҳрвандон, ки дар ивази нарафтан ба хидмати ҳарбӣ маблағи муайянеро пардохт менамоянд ва сарчашмаҳои дигар таъсис дода мешавад. – Шаҳрванде, ки ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд ё ихтиёрӣ меравад, бо музди моҳона, на камтар аз музди миёнаи шаҳрвандони мулкии кишвар, таъмин карда мешаванд.
– Шаҳрванде, ки маблағи муайянро тибқи меъёри муайянкардаи мақомоти салоҳиятноки давлатӣ ба ҳисоби Хазинаи махсуси пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ месупорад, бо ворид намудани илова дар моддаи 20 аз хидмати ҳарбӣ озод мешавад.
Муҳиддин Кабирӣ ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаро чунин шарҳ медиҳад: Услуби даъват ба артиши ислоҳот мехоҳад ва тағйиру иловаҳое, ки мавриди назари вакилони Наҳзат қарор гирифтаанд, асосан, ба хотири пешгирӣ аз “облава”, решакан кардани ришватситонӣ зимни даъват ба артиш ва таъмини беҳтари шароити иҷтимоъии хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин гузоштани қадамҳои аввалин ба самти ташкили артиши касбӣ равона шудаанд.