Categories Uncategorized

Узрхоҳии Либиё аз Вошингтон

Либиё аз муовини вазири хориҷаи Амрико, ки ба ин кишвар сафар карда, ба хотири кушта шудани сафири Амрико дар Банғозӣ зурхоҳӣ кард.

Ба гузориши “Рейтерз”, Вилиам Бренз, муовини вазири хориҷаи Амрико, ки ба Либя сафар карда буд, бо роҳбарони ин кишвар аз ҷумла Мустафо Абушоқур, нахуствазири нав ва Муҳаммад Алмуқриф, раиси Конгресси милли Либя дидор ва гуфтугӯ кард.

Вай дар маросими ёдбуди сафири Амрико дар Либиё ва се ҳамкори амрикоияш ширкат кард. Як мақоми вазорати хориҷаи Либя пас аз дидори муовини вазири хориҷаи Амрико бо мақомоти Либя изҳор дошт, ки Ошур ибни Хаёл, вазири хориҷаи Либиё аз Бренз ба хотири хушунатҳое, ки дар Троблюс рӯй дод, узрхоҳӣ кард ва сафири фавтидаро дӯсти Либиё муаррифӣ намуд.

Бренз дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки ҳар чи зудтар бояд афроди масъул дар қатли сафир муҳокима шаванд ва мо тасмим мегирем, ки барои ин кор бо Либя ҳамкорӣ кунем.

Ҳамзамон вай сафири кушташуда дар Либиёро як сафири фавқулода муаррифӣ кард ва таърифу тавсифҳои хуберо нисбати фаъолият ва шахсияти ӯ баён дошт.

More From Author

You May Also Like