Categories Ахбори рӯз

Украина ва Иттиҳоди Урупо созишнома имзо мекунанд

Андрей Ятсенюк, сарвазири тозатаъйини Украина баъд аз вохӯрӣ бо Барак Обама, президенти ИМА гуфтааст, қисмати сиёсии Созишнома дар бораи анҷуман миёни Украина ва Иттиҳоди Урупо 21 март ба имзо мерасад.
– Ман бо Херман ван Ромпейё, раиси Шӯрои Иттиҳоди Урупо вохӯрдам, ки дар робита имзои қисми сиёсии созишнома суҳбат намудем, – гуфтааст ӯ.
Ба қавли сарвазир, бо назардошти он ки имзои қисми иқтисодии созишнома эҳтимол ба тиҷорат дар шарқи кишвар ва инчунин соҳибкороне, ки бо Русия муносибати наздик доранд, латма ворид намояд, барои имзои ин қисм ба қароре омадем, ки бояд ҷиҳати ин масъала машваратҳои иловагие дошта бошем.
Ба иттилои «Интрефакс», Ятсенюк бо изҳори умедворӣ гуфтааст, Русия масъулияти дуҷонибаи худро анҷом дода, дари содиротро ба рӯйи Украина намебандад. Зимнан бо он ки сарвазир гуфтааст, Украина хоҳони ҷанг бо Русия нест, афзудааст, Украина барои ҳифзи якпорчагии худ аз мубориза даст нахоҳад кашид.

More From Author

You May Also Like