Имрӯз, 18-уми август ҳайате аз Иттиҳодияи байналмилаллии уламои мусалмон (ИБУМ) бо Раҷаб Таййиб Урдуғон, президенти тозаинтихоби Туркиё дидору мулоқот доштанд.
Ҳайати уламои исломи бо сарварии раиси ИБУМ шайх Юсуф Қарзовӣ Урдуғонро барои интихоб шуданаш ба ин мақоми олии давлатӣ табрик гуфта, бо ишон чанде аз масоили доғи уммати исломро мавриди муҳокима қарор доданд, хабар медиҳад маркази матбуъотии ИБУМ.
Ҳамчунин миёни ҷонибҳо ба таври хос масъалаи Фаластин, авзоъ дар Суриё, Ироқ, Миср ва мушкилоти дигаре аз манотиқи ҷаҳони ислом ҳам мавриди муҳокима қарор гирифтааст.
Categories
Ахбори рӯз