Умми Айман

Умми Айман аз ҷумлаи занҳое буд, ки аз даврони ҷоҳилият то буруз ва густариши дини Ислом дар хонадони Паёмбар (с) ба сар бурдааст. Ӯ ҳабашӣ буда замони пеш аз Ислом канизии модари Паёмбар (с), Омина духтари Ваҳабро ба ӯҳда дошт. Пас аз даргузашти падар ва модари Паёмбар (с) Умми Айман замоне хидматгори Муҳаммад (с) буд, ки пас аз чанде Паёмбар (с) ӯро аз канизӣ озод намуд. Номи аслии ин зан Барака духтари Саълаба писари Амр писари Ҳусн писари Молик писари Салма … буд, ки бештар ба Умми Аззабо маъруф ва машҳур гардид. Чун дар даврони ҷоҳилият хидматгори модари Расулуллоҳ (с) буд, бештар дар корҳои манзил ва хонаводагӣ ба вай кӯмак мерасонд. Ҳамзамон бо ба дунё омадани Паёмбар (с) ӯро низ зери тарбия ва нигоҳубини худ гирифт. Аз ин ҷост, ки Муҳаммад (с) ӯро чун модари худ эҳтиром мекард ва мегуфт, ки “баъд аз модарам Умми Айман модарам ҳаст”. Дар бораи чи гуна омадани Умми Айман ба хонадони нубувват таърихнигорон ва бузургон ақидаҳои гуногунро баён намудаанд. Аз ҷумла, олим ва таърихнигор Имом Заҳабӣ дар ин маврид менависад, ки Умми Айман канизи ҳабашӣ буд, ки аз падари Расулуллоҳ (с) ба ӯ мерос монда. Ва замоне ки Паёмбар (с) бо ҳазрати Хадиҷа (р) издивоҷ кард, ӯро озод намуд.

Имом Бухорӣ ва Муслим аз Зуҳрӣ ривоят кардаанд, ки Умми Айман канизи падари Паёмбар (с) Абдуллоҳ писари Абдулмутталиб буд. Баъд аз даргузашти Абдуллоҳ ӯро парвариш дод ва бузург кард.

Манбаъҳои таърихӣ таъкид менамоянд, ки Умми Айман ҳамчун каниз бо номи Барака шинохта мешуд. Ӯро бар ивази моле харида, ба Макка оварда буданд. Яке аз лутф ва марҳамати Худованд буд, ки Умми Айман (р)-ро насиб гашт, то дар хонаи Омина, модари Паёмбар (с) зиндагӣ намояд ва дар хидмати ӯ бошад. Ҳамзамон бо мавлуди Паёмбар (с) Умми Айман фазилати дигареро аз ҷониби Худованд касб кард, ки он ҳам тарбия ва парвариши Муҳаммад (с) буд. Ҳамин тариқ, Умми Айман (р) бо Паёмбар (с) низ рӯзҳои худро сипарӣ намуд. Ӯ Муҳаммад (с) – ро дӯст медошт ва нисбаташ меҳрубон буд. Чун Паёмбар (с) дар синни шашсолагӣ модарашро аз даст дод, Умми Айман эҳсос кард, ки Худованд ба ӯ масъулияти бузурге супурдааст. Ҳамин буд, ки ӯ мақоми модариро нисбати Паёмбари Ислом касб кард ва чун як модар беҳтарин муҳаббат, таваҷҷӯҳ ва эҳтимоми лозимаро барояш фароҳам кард.

Умми Айман ва ислом

Аз ҳамроҳ будани Умми Айман (р) бо Расули Худо 40 сол мегузашт. Умми Айман ӯро аз замоне ки навзод ва ятиме ширхор ва кӯдаке дӯстдоштанӣ буд, мешинохт ва инчунин ҳангоме ки табдил ба ҷавоне зебо, ростгӯ, дурусткор ва покдоман шуд, бо ӯ ҳамроҳ буд. Муҳаммад (с)-ро тайи солиёни дуру дароз мардуми Макка бинобар ахлоқи ҳамида, шуҷоату мардонагӣ, сифоти бузургмандонаашро мешинохтанд ва дар миёни мардум фарде буд беназир. Мардуми Макка аз ӯ таъриф ва тамҷид мекарданд, амонатдорӣ ва ахлоқи каримонаашро эътироф доштанд ва ӯро Муҳаммади амин меномиданд. Баъд аз ин мароҳил буд, ки ӯ ба нубувват мабъус шуд. Тӯли 40 сол Умми Айман Паёмбар (с)-ро дар тамоми масоил, рафтор ва ахлоқаш бо мардум мушоҳида мекард. Медид, ки мардуми Макка рафтор ва сифоташро чӣ гуна ба покӣ ва бузургӣ тавсиф мекунанд. Ҳамчунин медид, ки чӣ гуна Хадиҷаи сарватманд, наҷибзода ва ашрофе ӯро аз миёни мардони дигар интихоб кард ва ба ҳамсарӣ баргузид. Ҳамзамон бо издивоҷаш бо Паёмбар (с) саодатмандтарин зан шуд. Хулоса, Умми Айман (р) аз хурдсолӣ то биъсат аз бузургии ӯ ба таври кофӣ бохабар шуд. Аммо Умми Айман (р) он чӣ дар мавриди Муҳаммад (с) пас аз эълом кардани биъсат мешунид, рашк мебурд. Зеро Паёмбар (с) касе буд, ки аз дурӯғ гуфтан нафрат дошт ва имкон надошт, ки сухани дурӯғро ба Худованд нисбат диҳад.

Замоне ки Паёмбар (с) ба ҳазрати Хадиҷа (р) хабари ваҳйиро дод, ӯ низ дар канораш истод ва ӯро тасдиқ кард. Умми Айман (р) низ дар канори Расули Худо истодагарӣ кард ва ба ӯ имон овард. Умми Айман (р) ҳамроҳ бо андак мардуме ки рисолати Паёмбар (с) – ро тасдиқ карда буданд, устувор монд. Дар канори Муҳаммад (с) муқобили туғёни Қурайш ва шиканҷаҳои онҳо истодагарӣ мекард. Ҳазрати Хадиҷа (р) ва дигар занҳое ки дини Исломро пазируфта буданд, бузургтарин вазифа, ки даъват ба Ислом буд, онро анҷом медоданд. Онҳо занҳои Қурайшро ба дини нав даъват мекарданд ва ба онҳо асоси дину ақидаро баён медоштанд.

Хонаводаи умми Айман (р)

Ба гуфтаи сарчашмаҳо, вазъияти теъдоде аз саҳобаи Паёмбар (с) чунин аст, ки дар мавриди онҳо ва тарзи ҳаёти онҳо баҳси зиёде ироа нагардидааст. Умми Айман (р) низ аз ҷумлаи касоне аст, ки дар мавриди бархе аз ҷанбаҳои зиндагии ӯ ахбори дақиқ ёфт намешавад. Умми Айман (р) дар канори Паёмбар (с) зиндагӣ мекард. Муҳаммад (с) ӯро бисёр гиромӣ медошт ва чунон ки мустаҳиқ буд муроъоташ мекард. Бо ӯ чунон рафтор мекард, ки писар нисбат ба модараш рафтор мекунад. Дигар аз бартарии Умми Айман (р) замони канизиаш дар он буд, ки даврони канизии ӯ дар хонадони нубувват бисёр хуб гузашт. Ӯ ҳатто эҳсос намекард, ки як каниз аст. Зеро дар ин хонадон ӯ бисёр эҳтиром дошт.

Пас аз он ки Паёмбар (с) ӯро озод кард, бо Убайд писари Ҳорис хонадораш кард. Умми Айман (р) аз Ҳорис дорои писаре ба номи Айман шуд ва баъд аз Убайд писари Ҳорис, Зайд писари Ҳорис писари Шараҳбил ғуломи озодшудаи Паёмбар (с) бо ӯ издивоҷ кард. Шарҳи ҳоли Убайд писари Ҳорис низ дар таърих ба таври муфассал баён нашудааст. Дар бораи зиндагии ӯ бархе ишораҳо шудааст. Қабл аз биъсат замоне ки Убайд ба Макка омад, дар он ҷо иқомат кард. Вақте бо Умми Айман (р) издивоҷ кард, ба Мадинаи мунаввара азми сафар намуд, ки дар натиҷа соҳиби фарзанде бо номи Айман гардиданд. Пас аз замоне ки Убайд даргузашт, Барака ҳамроҳ бо писараш ба Макка омад ва дар хонаи Паёмбар (с) иқомат кард. Баъд аз биъсат, Паёмбар (с) Баракаро ба ақди Зайд писари Ҳориса, ки озодшуда ва дӯсташ буд даровард. Ҳамчунин ӯ аз писари Ҳориса дорои фарзанде ба номи Усома шуд. Умми Айман (р) ҳамроҳи ҳамсараш, ки дӯст ва дӯстдори Паёмбар (с) буд, дар хонаи ӯ боқӣ монданд, то ин ки Зайд писари Ҳориса дар ғазваи Муатта дар соли 8 ҳиҷрӣ ба шаҳодат расид. Аз ҷумлаи фарзандони ӯ Айман (р) мусалмон шуд ва барои дини Ислом хидматҳоеро анҷом дод. Аз Ибни Исҳоқ ривоят шудааст, ки Айман аз ҷумлаи касоне буд, ки дар ҷанги Ҳунайн ҳамроҳи Паёмбар (с) то охирин лаҳзаҳо дар майдони ҷанг пойдорӣ кард. Ҳамин тариқ, бо пойдорӣ ва пуштибонӣ аз дин ва Ислому Паёмбар (с) писари ӯ дар ин ҷанг ба шаҳодат расид.

Ҳиҷрати умми Айман ба мадина

Ислом овардани Умми Айман чунон набуд, ки танҳо шаҳодатайнро бар забон оварад ва гуфтаҳои Паёмбар (с) – ро бовар кунад, балки вай тамоми зиндагии худро барои хидмат ба дини Ислом бахшида буд. Умми Айман пас аз Ислом овардан, ширинӣ ва мақсад аз зиндагиро дарк кард, ӯ эҳсос кард, ки охират ва зиндагӣ дар он маънои хосе дорад. Ҳамзамон барои расидан ба ин ҳақиқат инсон бояд худро қурбон намояд. Ҳамин буд, ки вай аз дунёи канизӣ ва хидматгорӣ ба даъватгаре вафодор ва фидокор дар роҳи Худо табдил шуд. Ӯ тақрибан дар бештар аз рухдодҳо ширкат дошт ва дигаронро ташвиқ ба пойдорӣ дар роҳи ҳақ мекард. Дар муқобили зулму ситами Қурайш бештар вақт кӯшиш мекард, то мардумро ба сабру таҳаммул роҳнамоӣ намояд ва дар баробари ин ба ҳама мардум кӯмаки худро дареғ намедошт. Умми Айман аз ҷумлаи занҳое буд, ки дар мавриди аҳдофу рисолати дин шинохти комиле дошт. Аз ин лиҳоз дар муқобили ноадолатиҳо ва ситами Қурайш сабру таҳаммулро пеша қарор дода, аз Худованд подоши хурсандиро интизор буд.

Замоне ки Паёмбар (с) ба Мадина ҳиҷрат кард, ӯ ҳамроҳи бақияи хонаводааш дар Макка монд ва он чиро ки Қурайш дар мавриди Паёмбар (с) ва асҳоб мегуфтанд, мешунид ва ё медид, хабарҳоро ҷамъ мекард. Бо ин тартиб ӯ нисбати аҳдоф ва мақсадҳои Қурайш бештар хабар пайдо мекард. Баъди чанде аз гузашти рӯзҳо ӯ низ ба Мадина ҳиҷрат кард.

Вафот

Умми Айман (р) зане буд соҳиби шаъну шарафи бузург ва соҳиби манзалат. Ӯ бо имон ва боварии комили худ мақоми олиро касб кард. Ҳамеша дастгир ва ходими асҳоби Паёмбар (с) буд. Онҳоро бо суҳбат ва насиҳатҳои худ ҳамеша тазаккур медод ва аз ҳаёти хуби инсонӣ ёдоварӣ мекард. Ҳамин буд, ки дини Ислом ӯро ба дараҷае расонид, ки як саҳобии соҳиби карам ва модари меҳрубон гардид, ки Паёмбар (с), Абубакр (р), Умар (р), Усмон (р) ва Алӣ (р) ба дидораш мерафтанду ҳамеша барои хидмати ӯ ҳозир буданд. Умми Айман (р) то хилофати ҳазрати Усмон (р) дар қайди ҳаёт буда ва дар аснои хилофати ҳазрати Усмон (р) чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Ибни Ҳазм дар ҷое ёдовар шудааст, ки Умми Айман аз ҷумлаи касоне аст, ки аз эшон панҷ ҳадис ривоят шуда ва худ аз аҳли тақво ва фатво будааст.

More From Author

You May Also Like