Categories БА СУИ НУР

Суннати анбиё

“Ва Лут ӯро тасдиқ намуд ва (Иброҳим) гуфт: “Ман ба сӯйи Парвардигорам ҳиҷрат мекунам, ки ӯ шикастнопазири ҳаким аст.” (Сураи “Анкабут”, ояти 26)

Манзараи раҳоии Иброҳим (а) аз оташ, ки муъҷизае бузург буд, боиси комилшавии имони бародарзодааш ҳазрати Лут (а) гашт ва ӯ ҳамаи аркони даъвати Иброҳим (а)ро пазируфта, омодагии хешро ҷиҳати таъйид ва дастгирии ин паёмбари бутшикан эълон дошт.

Дуруст аст, ки ҳамсари ҳазрати Иброҳим (а) қаблан Сора имон оварда буд. Аммо аз сабаби он ки Лут марди бузург ва чеҳраи шинохтаи замон ба ҳисоб меомад ва ҳамроҳшавии ин гуна афрод бо доъии роҳи Ҳақ дар нерӯ гирифтани кори даъват нақши муҳим мебозад ва дар ҷомеъа низ муассир воқеъ мешавад, Худованд эъломи омодагии ӯро ба таври хос зикр кард.

Вале мавзӯи асосии баҳси ин оят қасд ва эълони ҳиҷрат намудани Иброҳим (а) аст.

Чунончи оёти қуръонӣ хабар медиҳад, Иброҳим (а) аз ҷониби Худо вазифадор шуда буд, то мардумашро ба сӯйи мактаби илоҳӣ даъват кунад ва бар асоси таълимоти ин мактаб қавмашро аз ҷаҳолату пастӣ бираҳонад ва ҳамзамон аз шоҳи золими давр даъват ба амал орад, то аз амали номатлуби ба ҷаҳолат кашидани мардум ва зулму ситами онҳо даст бардорад.

Вале воқеияти ҷомеаи рӯз ба Иброҳим ин иҷозаро дар он сарзамин надод ва ӯ дар ватанаш ба мухолафати шадиди Намруд ва дору дастаи ӯ рӯ ба рӯ шуд. Онҳо дар таблиғи рисолат монеъаи шадид эҷод карданд. Ва бо дар оташи Намруд андохтани ӯ дар мавриди ба роҳи рост даромадан ва имон овардани қавмаш ҳеҷ умеде боқӣ намонд.

Раҳбари як ҳаракати динӣ вақте дар кори даъват ба мамонаъати сарсахтонаи нерӯи бузурге рӯ ба рӯ шавад ва яқин намояд, ки то вақте ин неруи хатарнок дастболост, имкони адои вазифа даст намедиҳад, ҳатман ба сарзамине ҳиҷрат мекунад, ки дар он ҷо фазо барои анҷоми рисолат омода аст.

Ба илова, Намруд вақте дар қатли Иброҳим ноком гашт, фармони аз кишвар берун кардани ӯро содир намуд. Аз ин рӯ гуфт: “Ман ба сӯйи Парвардигорам ҳиҷрат мекунам.”

Дар ин ибора ҳиҷрат ба сарзамине дар назар аст, ки дар он ҷо фазои густариши даъват ба тавҳид ва яктопарастӣ ва таълимоти динӣ омода аст.

Дар ояти 99 сураи “Соффот” низ ба ин маънӣ ишора шудааст: “Ва (Иброҳим) гуфт: “Ман ба сӯйи Парвардигорам равонам, ӯ маро роҳнамоӣ хоҳад кард”. Ин буд, ки Иброҳим (а) ҳамроҳи Лут (а) ва ҳамсараш Сора роҳи Шомро пеш гирифт, то битавонад дар он ҷо ба густариш додани фарҳанги рисолаташ бипардозад.

Ҳиҷрати ӯ на ба хотири наҷоти ҷисму ҷонаш, на ба хотири пайдо намудани шароити зиндагии беҳтар, ё барои роҳандозии тиҷорат, балки ба хотири дар сарзамини ҳиҷрат анҷом додани нашри даъват буд.

Иброҳим (а) бо эътимоди комил ин тасмимро гирифт, зеро Худованд ҳар касеро ёрӣ кунад, ӯ хор намешавад ва ҳар касеро ҳифз кунад, вай зоеъ намешавад ва ҳар кӣ ҷониби ӯро риоя намояд, танҳо ва бекасаш намегузорад: “Ӯ шикастнопазири ҳаким аст”.

Ин оят ба мусалмонон паём медиҳад, ки мавзӯи ҳиҷрат аз суннати анбиёи илоҳӣ ва мактаби ба камолот расондани инсон ва таҳаққуқ бахшидан ба аҳдофи волоест, ки имкони амалӣ шудани он дар ватане вуҷуд надорад.

Пешвоён ва байрақбардорони мактаби тавҳидро воҷиб аст, ки дар ҳолатҳои сахту душвор бо пайравӣ аз ин суннати анбиё худ ва даъваташонро наҷот диҳанд ва тан ба зиллату хорӣ насупоранд. Зеро таҷрибаҳои даъвати Ҳақ баёнгари он аст, ки таслим шудан ба монеаҳои бархоста аз мухолафатҳои муонидону мункирон далели тавҷеҳшаванда надорад.

Пешвоён ва равандагони роҳи Ҳақро шоиста он аст, ки дар ҳар вазъият роҳи берун омадан аз мушкилоти пешомадаро пайдо намуда, худ ва мактабашонро аз тангно наҷот диҳанд.

More From Author

You May Also Like