Фаластин. Муқовимат

Ахиран, бо ибтикори фонди “Солидарность” (Ҳамраъйӣ) дар намоишгоҳи “Ҳалол Экспо”- и Маскав муъаррифии китоби тозанашри Надежда Кеворкова , “Фаластин. Муқовимат” баргузор гардид.
Дар ин маҳфил як идда равшанфикрону рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Сиёсатшинос М. Шевченко иброз дошт, ки дар ҳаёти худ китобҳои бисёри тадқиқотӣ- илмиро дидааст, ки ба муборизаи мардуми Фаластин ва қазия он бахшида шудаанд, вале ин китоб дар робита ба ин мавзӯъ беҳамтост. Зеро дар жанри репортажу гузориш ба таври амиқ ва кунҷковона маводеро дар бар гирифта, ки аз натиҷаи мушоҳидаи зиндаи воқеъаҳо дар навори Ғазза бар меоянд.
Қобили зикр аст, ки Н. Кеворкова яке аз ширкаткунандагони “флотилияи Озодӣ” буда, чандин маротиба аз Ғазза дидан намудааст. Ӯ бо чашми сар қатли омми фаластиниёнро аз сӯи нируҳои низомии заминию ҳавоии Исроил дидааст.
Инчунин ин китоб афсонаи саҳюнистонро, ки гуё насрониҳо дар Ғазза таъқиб мешаванду беҳуқуқанд, бо гузоришҳои зиндаи худ такзиб мекунад.
Асари мазкур на танҳои тарафҳои идеологии қазияи Фаластинро, балки дидгоҳҳои башарию инсонии ин низоъро ба риштаи тасвир мекашад.
Муаллиф, Надежда Кеворкова зимни суханронии хеш иброз дошт, ки ҳама дар дасти Худованд аст, фақат навиштаҳои ман шаҳодатест аз мушкилтарин вазъият ва ҳаёти бемислу монанди фаластиниҳо, ки барои васфи ҳаматарафаи он оҷизам.
Ба қавли Орҳан Ҷамол, ин китоб таваҷҷуҳи моро ба минтақае ҷалб мекунад, ки муқовимат дар он ҷо ҳамоно идома дорад. Ба қазияи Фаластину Байтулмуқаддас таваҷҷуҳ намудан барои мо ҳамчун дарди ҳамарӯза, бениҳоят зарур аст. Зеро Фаластин макони оддӣ нест, балки нуқтаи рамзии дунё мебошад, ки дар атрофи он таъриху фарҳанги оламиён ташаккул ёфтааст.

Асадуллоҳ Вализода

More From Author

You May Also Like