Саволе, ки мехостам андешамандони мо, ба хусус сиёсатмадорон ва ҷанобони қонунгузор ҷавоб диҳанд, ин аст ки оё “Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба воқеъияти имрӯзаи кишварамон мутобиқ аст? Ба андешаи ман мутобиқ нест. Шояд баъзеҳо хурдагирӣ намоянд, ки банда ба қонуни асосии кишвар эрод мегирам ва гӯянд, ки “инҳо то ҳадде ҷуръат пайдо кардаанд, ки Сарқонунро танқид мекунанд”. Аммо бояд гуфт, ки бекамбудӣ танҳо Худост ва камбудӣ сиришти инсон аст. З-ин сабаб дар баробари камбудӣ Худованд тавбаро барои инсон омӯзонидааст. Бинобарин Сарқонун низ амали инсон аст ва он догма нест, мешавад, ки ислоҳ кард. Барои мисол вақте, ки 97% ё ба баъзе қавлҳо 99%-и мардуми мо мусулмонанд, оё зарурати дар моддаҳои 1-ум ва 100-уми сарқонун овардани калимаи «дунявӣ» вуҷуд дошт? Таърифи “дунявӣ”: Ба англисӣ (SECULARISM) гуфта мешавад, ки тарҷимаи дурусти он: лодинӣ ё дунявӣ мебошад ва он даъвате аст ба сӯи устувор сохтани зиндагӣ бар асоси бединӣ ва ҷудо аз дин ва мақсуди он аз лиҳози сиёсӣ адами дахолати дин дар ҳукумат мебошад. Калимаи “дунявӣ” дар қонунҳои кишварҳое, ки зери таъсири ақидаҳои зиддидинӣ қарор доштанд, мисли Туркияву Фаронса ба чашм мехӯрад, вале ҳоло дарди сари онҳо гаштааст. Кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар қонунҳои худ чунин калимаро надоранд. Демократия худ ифодакунандаи ҳамагуна баробарист, аз ҷумла баробарии ҳамаи динҳо ва дар аксари кишварҳои мутараққӣ диндорҳо ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва давлатдориро доранд. Дар моддаи 8-уми сарқонуни мо дар ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат ва мудохала накардани онҳо ба корҳои давлатӣ зикр шудааст. Худи ҳамин кифоя аст ва ба овардани калимаи «дунявӣ» эҳтиёҷе вуҷуд надорад. Ҳангоми муҳокимаи қонун дар Комиссияи Оштии Миллӣ оиди ин масъала баҳсҳои зиёде сурат гирифта ва ҷониби ҳукумат мухолифинро мутақоид сохтанд, ки “дунявият” ба маънои зидди динӣ нест. Имрӯз бошад, дар ҳар лаҳза, мақомоти гуногуни давлатӣ ва шахсиятҳои алоҳида барои поймол намудани ҳуқуқи дигарон аз он ба фоидаи худ моҳирона истифода мебаранд. Мисолҳо хеле зиёданд, мисли манъи хоҳарони ҳиҷобпӯш аз таҳсил, маҳдуд намудани омӯзиши улуми динӣ аз ҷониби ҷавонон, аз масоҷид рондани наврасон ва ғайраҳо. Хуб мешуд, ки аз Сарқонун калимаи “дунявӣ” хориҷ гардад, ё инки ҳадди ақал маънои он шарҳ дода мешуд, то бардоштҳо якхела бошанд.
Мисоли дигар, дар Сарқонун дар моддаи 33-ум бисъёрникоҳӣ манъ карда шудааст. Воқеъият дар ҷомеаи Тоҷикистон чи гуна аст? Ба андешаи ман тақрибан 30%- мардони мо соҳиби ду ё се зан мебошанд, шояд аз ин ҳам зиёд бошад. Шумораи кормандони давлатие, ки ду-се зан доранд, низ кам нестанд. Муайян намудани он хеле душвор ва ғайри имкон аст. Пас ин миқдор мардум вайронкунандаи қонун ҳастанд, бо онҳо чӣ бояд кард? Агар ҳама итоати ин банди қонун кунанд ҳоли занҳо чӣ мешавад? Он шумораи зиёди занҳои ба ин ё он сабаб бешавҳар монда чӣ кор кунанд? Ҳамаи онҳо мисли дигарон зиндагӣ кардан мехоҳанд ғаризаи ҷинсӣ доранд. Онҳо чӣ кор кунанд? Танфурӯшӣ? Бе ин ҳам шумораи занҳои бадахлоқ кам нестанд. Оё ин сабаби бе банду бории ҷомеъа намегардад? Мутаасифона дар сарқонун никоҳ, ки амали шаръист манъ карда шудааст ва амали ғайри машрӯъ мисли «маъшуқабозӣ» иҷозат аст. Хуб мебуд аз Сарқонун ибораи «Бисёрникоҳӣ манъ аст», бардошта мешуд. Дар бораи қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттҳодияҳои динӣ» ҳаминро гуфтаниам, ки аслан барои мо қабули қонун ба чунин шакл зарур набуд. Вақте ҷавобгӯи замон набудани қонуни қаблӣ ба мушоҳида расид, таклифу дархостҳо аз ҷониби шаҳрвандон пешниҳод гардиданд, ки қонуни нав қабул гардад. Тарҳи хуби қонунҳо пешниҳод ҳам шуданд, вале мутаасифона он тарҳ аз ҷониби Маҷлиси Намояндагон пазируфта нашуд ва тарҳи дигари қонун, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шуд, ба шакли ҳозирааш қабул гардид. Агарчи аксари вакилони Маҷлиси Намояндагон медонистанд, ки тарҳи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳод гардида ҷавобгӯи воқеъияти ҷомеа нест, вале ба хотири манфиатҳои ҳизбӣ онро қабул намуданд. Аъзои як ҳизб будани аксари вакилони парлумон ва тобеъияти он ба Ҳукумати иҷроия имконият намедиҳад, ки қонунҳо ба нафъи мардум қабул гарданд Пешниҳодҳои вакилони ҳизбҳои дигар, агарчи хуб ҳам бошанд пазируфта намешаванд. Қонунҳо аз рӯи принсипи “бингар, ки кӣ мегӯяд, муҳим нест, ки чӣ мегӯяд” қабул мешаванд. Қонуни пештара нисбат ба қонуни нав хеле хубтар ва демократитар буд. Баъзе бандҳои қонуни нав ба сарқонун мухолифанд. Ҳатто баъзе бандҳои он ба баъзе бандҳои худи қонун мувофиқат намекунанд. Вақте сарқонун муайян кардааст, ки ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд, чаро нагузорем то онҳо озодона корҳои динии худро анҷом диҳанд? Ба ғайр аз қонуни давлатӣ, ҳар дин қонуни алоҳидаи худро дорад ва пайравонаш аз рӯи он амал менамоянд ва он қонунҳо чунон устувору маҳкаманд, ки ниёз ба дахолат надоранд. Як кумита таъсис додан барои танзими фаолияти онҳо, аз нигоҳи ман сарфи маблағу неруву вақти зиёдатист, агар кумак кунанда ба иттиҳодияҳои динӣ набошад. Қонуни нави қабулшуда, оё ба воқеъияти имрӯзаи ҷомеаи мо мутобиқ аст? Ман аз чанд банди он бо далелҳо мисол меорам, ки ҷавобгуи воқеъияти имрӯзи ҷомеаи Тоҷикистон нест.
Дар банди 9-и моддаи 4 омадааст: «Ба фаъолияти таблиғотии оммавии динӣ танҳо иттиҳодияҳои диние ҳуқуқ доранд, ки тибқи тартиби муқаррар намудаи Қонуни мазкур ба қайд гирифта шудаанд». Яъне мувофиқи ин банд дигарон ҳуқуқи таблиғот надоранд. Аввалан ин банди қонун ба банди 1-уми ҳамин мода»…ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад” ва моддаи 3 “…инчунин баён намудан ва паҳн кардани ҳама гуна эътиқоди марбут ба дин ва ҷаҳонбинии атеистӣ” зид мебошад. Чунки дар ин бандҳо ба ҳар як шахс ҳуқуқи”баён намудан” ва “паҳн кардан”, яъне бурдани таблиғот дода шудааст. Инчунин яке аз рукнҳои дини ислом ин амри маъруф (даъват ба корҳои нек) ва наҳи мункар (боздоштан аз корҳои бад) аст ва вазифаи ҷонии ҳар як мусалмон мебошад. Зеро Худованд дар чанд ҷои китоби муқаддаси худ мусалмононро ба ин амр менамояд. “Кунтум хайра умматин ухриҷат линноси, таъмуруна бил маъруфи ва танҳавна анил мункари ва туъминуна биллоҳи” (Шумо аз байни мардум беҳтарини уммат ҳастед, ки амр ба корҳои нек ва манъ аз корҳои бад мекунед ва ба Худо имон доред). Сураи “Оли имрон”, ояи 110. Як мусулмон ба кадоме аз ин ду амал намояд? Ба амри Худо ё қонуни башар? Дар дуроҳаи интихоб қарор мегирад ва дар назди яке гунаҳкор мегардад. Инчунин ба меъёри конститутсионии озодии баён ва андеша, низ мухолиф аст.
Дар банди 15-и моддаи 4 омадааст:”Ҷалб кардани ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ноболиғон додани таълими динӣ бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда манъ аст”. Ба ҷо овардани ибодати дастаҷамъӣ, яъне намоз гузоридан бо ҷамоат ба ҷавонони то синни 18-сола (синни балоғат) манъ аст. Ин ҳам мухолифи меъёрҳои шаръӣ ва сарқонун мебошад. Паёмбари Худо (с) мефармояд:”Фарзандонатонро аз синни 7-солагӣ ба намоз даъват кунед ва аз 10- солагӣ маҷбур кунед(адаб диҳед)”. Боз ду роҳ ва интихоб. Дар бандҳои 3 ва 4-и моддаи 11 омадааст:”3. Масҷидҳои ҷомеъ дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 10 ҳазор то 20 ҳазор нафар аҳолӣ доранд.
Дар шаҳри Душанбе масҷидҳои ҷомеъ дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 30 ҳазор то 50 ҳазор нафар аҳолӣ доранд.
4. Масҷидҳои панҷвақта дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 100 то 1000 нафар аҳолӣ доранд.
Дар шаҳри Душанбе масҷидҳои панҷвақта дар маҳалҳое таъсис дода мешаванд, ки аз 1000 то 5000 нафар аҳолӣ доранд». Дар ин ҷо низ маҳдудкунии ҳуқуқи шаҳрвандон ба назар мерасад. Бо истифода аз ин банди қонун имрӯзҳо фаъолияти масҷидҳои зиёдеро манъ карда истодаанд. Биёед сари ин масъала як андеша намоем. Дар як ҷамоате, ки аз маркази ноҳия дур аст ва шумораи аҳолиаш камтар аз 10 ҳазор бошад, тибқи қонуни мазкур барои масҷиди ҷомеъ иҷозат нест ва мардуми бечора бояд барои адои фарзи илоҳӣ аз баҳри як рӯзи худ гузаранд, дар ҳоле , ки шиками фарзандонашонро сер карда наметавонанд, бояд маблағ сарф намоянд, то ин ки қонун иҷро гардад, ё азадои намози Ҷумъа даст кашад. Ба ҷои он ки кори мардумро осон намоем бо ин банди қонун барояшон мушкилӣ эҷод намудаем. Ва баъзе аз маҳаллаҳо камтар аз 100 нафар аҳолӣ доранд ва мувофиқи қонун набояд намози ҷамоат бигузоранд. Оё ин амалӣшаванда аст?
Дар банди 6- моддаи 11 омадааст:”Имомхатибон ва имомони масҷидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин интихоб карда мешаванд”. Ин дахолати мақомоти давлатӣ ба корҳои иттиҳодияи динӣ аст ва поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Мақомоти ваколатдори давлатӣ бояд мувофақа кунад, аниқтараш шахси мавриди назари худро имом гузорад. Он шахс ҷавобгӯ ҳаст ё не, барои намоянда муҳим нест. Чаро раъйи мардуми намозхонро ба ҳисоб намегирем? Хондани намоз аз паси ҳар кас дуруст нест. Имом бояд ҷавобгӯи чанд шартҳои шаръи бошад, то ин ки намози мардум дуруст шавад.
Дар банди 3-уми моддаи 20 омадааст:”Ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ дар ибодатгоҳҳо ва замини ба онҳо мутааллиқ, дар зиёратгоҳҳо, дар қабристонҳо – вобаста аз хусусиятҳои эътиқоди динӣ, инчунин дар манзилҳо ва хонаҳои шаҳрвандон анҷом дода мешаванд”. Мутобиқи ин банди қонун шаҳрвандон наметавонанд дар дигар ҷойҳо ибодат намоянд. Ин ҳуқуқ поймолкунии маҳз аст. Ҳатто дар даврони шуравӣ бо вуҷуди он, ки дастгоҳи пуриқтидори КГБ ба муқобили дин муборизаи беамон мебурд, дар қонуни худ чунин сатрҳоро ҷой надода буданд. Аксари кишварҳои мутараққии дунё новобаста аз шакли давлатдориашон барои ибодати диндорон шароит муҳайё менамоянд. Дар кишвари мо шароит ку муҳайё намекунанд, ҳадди ақал бигузоранд як шахси мусалмон ҳар ҷое, ки вақти намозро дарёфт онро адо намояд. Ба кадом асос ибодатро дар дигар ҷойҳо манъ менамоянд? Бо далели халал ба кор? Кадом кор? Ҳол он ки вақтҳои намоз ба вақти кор тамоман халал ворид намекунанд. Аксаран ба вақтҳои дамгирӣ рост меоянд. Билфарз вақти кор бошад, оё 5 дақиқа вақт сарф кардан барои ибодат кадом як корхонаро аз даромади чанд фоизааш боз медорад? Барои кашидани тамоку вақти сарф мекардагии як коргар аз вақти ба ибодат сарф мекардагии як намозхон зиёд аст. Чаро барои кашидани тамоку иҷозат ҳаст, аммо барои манъи ибодати Худо банди махсуси қонун қабул мегардад? Коргари бечора чи кор кунад? Қонунро риоя намояд ё амри Худоро ба ҷо орад? Доимо таъкид мешавад, ки дари масҷидҳо ба рӯи ҳама кушода. Марҳамат касе ибодат кардан мехоҳад ба масҷид равад, дар хонааш хонад ё ба қабристон равад. Аввалан қабристон ҷои ибодат нест,балки мувофиқи шариат намоз хондан дар он ҷо макруҳ аст. Қабристон ҷои дуо кардан ва ибрат гирифтан аст. Сониян Худованд тамоми рӯи заминро барои уммати Муҳаммад (с) масҷид қарор додааст. Чаро ба ҳаққи Худованд дастдарозӣ мекунанд? “Қола Расулуллоҳи салаллоҳу алайҳи васаллама: Уътиту хамсан лам юътаҳунна аҳадун минал анбиёи қабли … ва ҷуилат ли ал-арзу масҷидан ва таҳуран ва айюмо раҷулин мин уммати адракатҳус салоту фал юсалли …” (Паёмбари акрам (с) мефармоянд: Панҷ чизе ба ман дода дода шуд, ки ба ҳеҷ паёмбаре қабл аз ман дода нашуда буд. … ва гардонда шуд барои ман тамоми заминро масҷид ва пок пас ҳар кадоме аз уммати ман хоҳанд, ки намоз гузоранд, метавонанд адо кунанд…) Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 419 Як нафар ҳангоми сафар дар роҳ аст, ки вақти намоз расид чӣ кор кунад? Аз куҷо масҷид пайдо кунад? Намоз ба худ вақт дорад ва ҷой муҳим нест, танҳо покии он эътибор аст. Албатта намозгузор ҳеҷ вақт дар мобайни роҳ истода ибодат намекунад, ки ба гардиши мошинҳо халал расонад. Дар канори роҳ бе халал ворид намудан ба гардиши мошинҳо хондани намоз дуруст аст ва чаро мо онро манъ менамоем? Фаромӯш набояд кард, ки Худованд бандаро барои ибодат офаридааст. Ба ҷои қабули чунин қонуни мушкилӣ эҷодкунанда, хуб мешуд мисли дигар кишварҳо дар ҳама ҷо барои ибодати мардум шароит фароҳам меовардем ва исбот мекардем, ки воқеан 99% мусулмонем.
Хулоса агар хоҳем, ки қонунҳои мо амалӣ гарданд ва ҷавобгӯи хостаҳои мардум бошанд, бояд онҳоро ба ҳаёти ҷомеа мутобиқ кард. Қонун догма нест. Онро метавон таъғир дод.
Воҳидхони Қосиддин, муовини раиси ҲНИТ
Categories
Uncategorized