Categories ТАҲЛИЛ

Ф. Муҳаммадалӣ: Беэҳтиромӣ ба олим беэҳтиромӣ бар илм аст

Ф. Муҳаммадалӣ:  Беэҳтиромӣ ба олим беэҳтиромӣ бар илм аст

Имрӯзҳо дар шабакаҳои телевизионҳои ҳукуматӣ наворҳои фаҳшу зиште ба намоиш гузошта мешаванд, ки алайҳи фарҳанги миллатанд. Меҳвари “баҳс”-и ин гуна намоишҳо бадному сиёҳ карда нишон додани муллоҳо мебошад, қишри муҳим ва таъсиргузор дар ҳифзи фарҳанги миллат. Он ҳам бо номи “муллои ҷодугар”, “муллои фолбин”, “муллои зинокор” ва ҳаргуна иборасозиҳои зишт. Мо тасмим гирифтем, сари ин мавзӯъ ва доираҳои иборасоз суҳбате дошта бошем, бо мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, раиси комиссияи тафтишотии ҲНИТ.
– Ҷаноби Мавлавӣ, аз тариқи телевезион наворҳои фаҳшеро таҳти унвони “муллои зинокор”-у “муллои фолбин” ва дигару дигар ба намоиш гузоштанд, ки эҳтимол Шумо ҳам ин “саҳна”-созиҳоро дида бошед. Шояд афроде, ки гумонбар дониста мешаванд, ба кадом корҳои табибӣ ё ҷодугарие машғул буданд. Вале ҳоло назари Шуморо дар мавриди рисолати аслии домулло ё мулло ва ҷойгоҳу шахсияти чунин як чеҳраи диниро бидонем, ки чӣ касест?

– Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон ва салому дуруд ба Паёмбари гиромӣ (с) ва олу асҳобашон.
Рисолати аслии мулло ё олимони дин вориси паёмбарон будан мебошад ва мисдоқи ин сухани Паёмбар (с) аст, ки “ал-уламоу варасатил анбиё”, яъне олимон ворисони паёбаронанд”.
Дигар ба ҳама маълум аст, ки паёмбарони илоҳӣ чӣ рисолат доштанд.
Воқеъан, масъалаи матраҳшуда, яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Мушкилӣ дар он аст, ки ҳар як табибу ҷодугар ва ё кадом фолбину масхарабозеро ҳам, мутаассифона, мулло ном мебаранд. Аввал ин ки он афроде, ки ин тоифа аз мардумро “мулло” мегӯянд ё ҳамчун “мулло” хитоб мекунанд, ба вожаи “мулло” сарфаҳм нарафтаанду намераванд ё муллоро аз фолбину табиб ё соҳир фарқ намекунанд. Зеро истилоҳи “мулло” ба аҳли илм, ба монанди Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигар бузургону шахсиятҳое дода мешавад, ки соҳиби илму амаланд. Асли калимаи “мулло” аз “малаа”-и арабӣ гирифта шуда, ба маънои “соҳиби илм”, пур аз илм ё лабрез аз илм будан аст. Яъне истилоҳи “мулло” ба касе дода мешавад, ки олиму донишманд аст.
Вале тоифаеро, ки дар телевезион ба мулло нисбат медиҳанду ба намоиш мегузоранд, онҳо мутлақо мулло нестанд ва аз фарҳанги исломӣ хабаре ҳам надоранд. Лекин мутаассифона, онҳоро афроди ҷоҳил мулло унвон кардаанд, чун шинохте нисбати мулло надоранд ва ба дарки рисолати ӯ ҳам намерасанд.

– Пас ин гуна доираҳо аз ноогоҳӣ нисбати рӯҳоният бадгӯӣ мекунад?

– Онҳо дар баробари ноогоҳии худ, чунин амалро ба он хотир раво мебинанд, ки нисбати Ислом ва бузургони он адовату ҳисси бадбинӣ доранд. Аз ин рӯ, бо истифода аз дастуру имконот ҳарфҳои носазоеро дар баробари номи мулло истифода мебаранд ва наворҳои сохтаву бофтаеро пахш месозанд. Қасд ва ҳадаф ҳам як чиз аст: афкори ҷомеъаро нисбат ба мулло дигар кардан ва таъсири баде расонидан ба ҷойгоҳи ӯ.
Маҳз ҳамин камбудӣ ва мушкилот аст, ки аксарият муллоро аз фолбину ҷодугар ва ё кадом табибе фарқ намекунад, зеро нафаре, ки мулло шуд, ҷодугар буда наметавонад, яъне мулло на ҷодугар асту на фолбину табиб ҳам.
Мо дар воқеъ бо исми мулло касеро медонем, ки пойбанди шариат ва аҳли тақвову парҳезгор бошад, ба монанди Мулло Али Қорӣ, донишманди ҳама ҷабаҳоти улуми исломӣ бошад. Хадамоти ин абармарди улуми исломиро, агар дар таърих бихонем, инсон ба ваҷд меояд. Ӯ дар тамоми паҳлӯҳои аҳкоми фаръияи амалия мумтоз, ҳомии дин ва Ислому муслимин буданд.
Аз рӯи надонистан ва ноогоҳ будани худ масъулин ва доираҳои манфиатхоҳи замон дар тӯли 70 соли даврони Шӯравӣ бо истифода аз дин мардумро зери таъсири ҳамаҷонибаи хеш қарор дода буданд. Низоми вақт ва масъулини он талош мекарданду ҳадаф доштанд, ки номи Исломро аз байн бубаранд. Зимнан муллоро, ки олими Ислом ва намояндаи дин ба шумор мерафт, ба зулму асорат кашида, мавриди фишор қарор медоданд.
Аз ин рӯ, бояд қайд кард, ки ин фишору пастзаниҳои феълӣ идомаи ҳамон фаъолиятҳои зиддидинианд ва доираҳое ҳам бо ҳамин гуна афкор вуҷуд доранд. Касоне, ки нисбати дин ва нисбати муллову донишмандони динӣ нафрат доранд, онҳо ҳоло ҳам бо усули бобоӣ муборизаи худро идома додан мехоҳанд.
Аз ин хотир, ба такрор бояд гуфт, ки ҳар мусалмоне вақте мулло бошад, дигар ӯро ҷодугар ё соҳир хитоб кардан бемаънист, чун мулло хуб медонад, ки Паёмбари Худо (с) куштани фарди соҳирро иҷоза додааст. Соҳир, агар мард бошад, кушта ва агар зан ҳаст, ҳабс мегардад. Ин амал ҳам дар ҳоле амалӣ мешавад, ки агар ҳукумат ва шариъати исломӣ дар кишвар роиҷ бошад.

– Чаро шариъат барои зан ҳукми ҳабсро таъин кардаву барои мард қатлро?

– Барои он ки зан худ заъиф аст ва барои ҳамин гуна камфаҳмию соддагиаш шариъати исломӣ барои ӯ имтиёзе қоил шудааст. Аммо барои марде, ки бе ягон узр даст ба сеҳру ҷоду мезанад, ҳукми қатл таъин шудааст. Яъне ин тақозои шариъати Ислом аст.
Вале мутаассифона, имрӯз ҷодугарро ҳам мулло мегӯянд, як дамгару кадом дуъохонеро ҳам, ки умуман аз кӯчаи илму муллогӣ убур накардаанд.
Бубинед, вақте мо, домулло Ҷомӣ мегӯем, барои мо маълум аст, ки ҳазрати Ҷомӣ устоди замони худанд ва ин устодӣ аз таснифоташ баръало аён аст. Суханаш ба мисли дур суфтаву таҳлил шудааст, ки ба дарди мардум дакка мехӯрад. Барои мисол, шарҳи китоби “Кофия”-и Ибни Ҳоҷиб, ки бо номи “Шарҳи Мулло” машҳур аст. Ин китобест аз ҳазрати Ҷомӣ ва дар илми наҳв ё ҷумласозии каломи арабӣ иншо шуда, ки дар ин илм ҳамто надорад ва иддае аз олимони араб ҳам ба он ҳад маҳорат надоштанд, ки китобе дар чунин вазн тасниф кунанд.
Ана ин гуна шахсиятҳоро мегӯянд мулло, на ин ки нафаре танҳо бо фарқ кардани алиф аз лом мулло бошад.
Олимони тоҷик дар гузашта, дар мадориси Бухорову Самарқанд таҳсил карда, ба унвони мулло соҳиб мешуданд, ҳоло чӣ? Иддае аз ин мардуми авом номи китобу илмҳои диниро намедонанд, вале ба худ унвони “мулло” гирифтаанд.

– Шумо аз Самарқанду Бухоро ёдовар шудеду дар зеҳнам чизе аз донишомӯзони гузашта хутур кард. Лутфан бигӯед, ки дар гузашта чигуна унвони муллоро мардум касб мекарданд? Яъне бо чӣ заҳмату меҳнат ва дастовардҳо?

– Хеле ишораи хуб. Бояд гуфт, воқеъан дар гузашта мардуми форсу тоҷик барои унвони “мулло”-ро ба даст овардан ба Самарқанду Бухоро, яъне ба марокизи илму фарҳанг сафар мекарданд, чандин сол таҳсил карда, ба унвони мулло соҳиб мегардиданд ё баъди хатми таҳсил дасторбандӣ мешуд, баъдан ӯро мулло ё домулло мегуфтанд.
Аммо ҳоло ин гуфтаҳо вуҷуд надорад. Касе камтар риш монд ё саллае баст, ӯро мулло мегӯянд, дар ҳоле ки на аз Қуръон бохабар асту на аз ҳадиси набавӣ. Ин нишонаи аз даст додан ё поин рафтани фарҳанги мардуми мост, ки фарқ гузоштан миёни мулло ва ғайримуллоро надорад. Камбуд ҳам дар ҳамин аст, ки маҳорат ё фарҳанги шинохтро надорем ё онро аз даст додам. Ҳар як нафари соҳибриш ва саллабанду яктакпӯшро мулло гуфтан айб аст, дар ҳоле ки намедонем дар зеҳнаш чизе ҳаст ё на?!
Худо раҳмат кунад, ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷон, устоди моро, ки чор дона риш дошт. Агар касе ӯро аз қабл намешинохт ё аз илмаш огоҳ набуд, намефаҳмид, ки шахсияти мулло ва соҳиби илму фарҳанги Ислом аст. Яъне ишон на танҳо мулло, балки нависанда ва донишманди бузурге буд, ҳатто бар ашъори Бедил мухаммас ҳам иншо мекард. Ана онҳоро муллои воқеъӣ мегӯянд, на ин ки нафаре сураи мубораки “Фотиҳа” ё “Алҳамд”-ро бо вуҷуде ки хато мехонад, унвонаш “мулло” бошад.
– Пас мулло донишманд будан аст. Оё чӣ сифатҳои дигареро дар чеҳраи мулло бояд эҳсос кард?
– Аввалин сифати мулло, тавре гуфтем, соҳиби илм будан аст. Яъне донандаи улуми сарфу наҳв, маъониву мантиқ, аз аҳкоми фаръияи амалия ҳам бояд огоҳ бошад, усули динро донад, аз ҳама муҳим, аз илми фиқҳ ва тафсиру ҳадис маҳорати тадрис дошта бошад, танҳо дар ҳамин гуна пояҳо ин гуна афродро мулло гуфта мумкин аст. Яъне мафҳуми “малаъа”, аз илм комил шудан аст, аз тафсир гап зада тавонистану аз ҳадис бохабар будан, ҳамзамон илми фиқҳро хуб донистан, то дар масоили рӯзмарраи зиндагӣ, ба монанди намоз, закоту ҳаҷ ва ғайра раҳгум назанад ва дигаронро огоҳ созад. Вақте аз ин масоил огоҳии комил дорад ва метавонад ба суолҳои мардум ҷавоб гӯяд, унвони муллоро соҳиб шуда метавонад. Акнун қазоват кунед, онҳоеро мулло мегӯянд, ки на ҳадис медонанду на тафсир ва аз фиқҳ огоҳие ҳам надоранд. Дар ин ҳол, ин тоифа мардуме, ки инсонҳои беилмро мулло мегӯянд, масхаракунандаи илму олиманд, ки соҳирро ҳам мулло мегӯянд. Ин нукта ба манзалаи он аст, ки нафаре дар масоиле илм надорад, вале ӯро ба ҳар тарз, доктору профессор, ҳатто академик мегӯянд. Пас бояд фикр кунанд, ки дигарон дар ин бора чӣ мегӯянд, вақте нафаре, ки соҳиби илм нест, бо унвони баланд хитобаш мекунанд?

– Дар иддае аз кишварҳо нафаре салла мебандад, ки соҳиби илм аст ва ё кадом марҳалаеро дар илм тай кардааст. Дар воқеъ, ин саллаву якта ё ҷелак чӣ фазилат ё бартарие дорад барои як мусалмон?

– Истифода аз саллаву ҷелак ё якта ин ҳам як санъат ё фарҳанги либоспӯшист, барои нафаре, ки синну солаш ба ҷое расида ё кадом шахсиятест, ки аз илми динӣ бохабар, агарчи дастор бастан дар иддае аз кишварҳо нишони рӯҳоният дониста мешавад.
Бастани салла ҳам яке аз суннатҳои Паёмбари гиромӣ (с) аст ва амри мустаҳаб ҳам дорад. Албатта, салла бастан пеш аз Ислом ҳам вуҷуд дошт ва Ҳабиби Худо бастани салларо манъ накарда буд, баръакс барои афроди илмдор ва он нафароне, ки пайваста дар масоҷид намозҳои худро мегузоранд, фазилат ва бартарие дорад. Бо салла намоз гузоридан дар мазҳаби мо, нисбат ба бесалла савоби бештар дорад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар Ислом тартиби пӯшиши либос вуҷуд дорад. Либоси фарди намозхон бояд покиза ва танг набошад, тавре имрӯзҳо ба назар мерасад. Ҷои таассуф аст, ки мардуми мо бо ворид шудани фарҳанги ғарбӣ тарзи либоспӯширо гум кардаву парвое ҳам надоранд, ки фарзандонашон чӣ либос ва бо кадом тарз ба кӯча мебароянд.

– Тавре иттилоъ дорем, имом Абӯҳанифа (р), яке аз муллоҳои аршади замони худ буд ва либоси хуб ба бар дошта, саллаи зебо, ҳатто ҷомааш ҳам шинаму гаронарзиш будааст.

– Аслан инсон вақте доранда ва соҳиби неъмат ҳаст, бояд асари неъматашро зоҳир намояд. Агар нафари доранда бо либоси фақирона гардад, ин куфрони неъмат ва нишонаҳои шукр накардан ба неъматҳои худодод аст.
Бояд гуфт, либос бояд хуб ва покизаву дарзмол шуда бошад. Дар як суханаш Абӯҳанифа (р) гуфтааст, Шумо саллаҳоро хубу бузург созед ва остини либосатонро кушода, то шинохта шавед, яъне либос бояд шинаму зебанда бошад…
Бо чунин тарз Имоми Аъзам, ҳамчун мулло, шогирдони худро таъкид мекард ва он ҳам ба хотири он буд, ки ба онҳо касе беэҳтиромӣ накунад. Зеро беэҳтиромии уламо беэҳтиромии илм аст ва беэҳтиромии илм куфр. Агар касе нисбати кадом олим ва илмдоре беэҳтиромӣ мекунад, пас ӯ илмро беэҳтиромӣ кардааст. Паёмбар (с) дар ин маврид мефармояд, касе нисбати олиме беэҳтиромӣ мекунад, нисбати ман беэҳтиромӣ кардааст.
Барои ҳамин, беэҳтиромии уламоро, ки аз ҷониби афроду мақомоти алоҳидаи кишвар нисбати онҳо сурат мегирад, иддае аз уламо ба куфр ҳукм кардаанд.

– Пас вақте навореро нисбати гумонбаре ба намоиш гузошта, алайҳаш ҳарфҳои бад мегӯянд, ки шояд ӯ чунин ҷиноят накарда бошад, агар карда бошад ҳам, ҳукми додгоҳ содир нашудааст, дар ин маврид назари Шумо чист?

– Ҳадафи ин гуна намоишҳо маълум аст, тавре дар боло ишора рафт, ин бадбиниест нисбати Ислому муслимин. Вале агар амали онҳое, ки чунин “саҳна”-созӣ мекунанд, барқасдона бошад, кофир мешаванд, аслан ин гуна одамҳо дин надоранд.
Мо тарафдори он гурӯҳе нестем, ки фосиқу фоҷир бошанду бо гуноҳ кардан муҷозот нашаванд. Албатта, касе гуноҳ кардааст, бояд ҷавоб гӯяд, чӣ рӯҳонист ва чӣ муаллим ё кадом корманди ҳукуматие.
Дар ин маврид боз ҳам суоле ҳаст, ки оё ба ин гуна амал аз ҲКТ ё ҲХДТ даст намезананд, дигар гурӯҳу табақаҳо ҳам ин гуна корҳоро содир намекунанд? Албатта, ҳамагуна инсон айбу нуқсон ва хатогӣ дорад, бубинед зиндонҳо пур аз афроди гунаҳгор аст. Вале дар ин намоишҳо фақат дар шакли сиёҳ ва паст карда нишон додани исломиён аст, чӣ аъзои Наҳзати Исломӣ бошад ё ғайри он, дар ҳоле ки кадоме аз ин гуна “ҷинояткор”-ҳо аъзои ҲНИТ набуданду нестанд. Яъне асли ҳадаф зарба задан ба намояндаи дин ва бадном кардани Ислом аст. Ғараз дин аст, ки бо ин васила худро душмани Ислом месозанд ва душмани Исломро мусалмон гуфта намешавад.

– Ҳазрати Мавлавӣ, дар ин маврид чӣ машварату маслиҳате доред ба дастандаркорони ин гуна наворҳои видеоӣ?

– Худованд дар Қуръони азимушшаънаш мефармояд: “вало таҷассасӯ”, яъне айбҷӯӣ накунед, аз ҳоли мардум айб маҷӯед. Вале кори аввали ин тоифаи масъулин тарки амри Худованд будааст, яъне айбҷӯӣ кардан.
Барои айбҷӯӣ дар кишвар ниҳоди масъул аст, ки вазифааш дунболи гумонбаршудаву гунаҳгорон гаштан аст, то тибқи қонун муҷозот шаванд.
Дар Ислом ҳам муҳтасибу муфаттишон буданд, ки қозӣ ҳукми онҳоро мебаровард. Бале, шахсан ман ҳам ҷонибдори онам, ки ҷинояткор ба ҷазои аъмолаш бирасад, албатта, тибқи қонуни мавҷуда.
Вале бояд гуфт, ифшо кардани гуноҳ як гуноҳи дигар аст. Дар ҳоле ки додгоҳ ҳукм накардааст, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад гумонбаршудаеро гунаҳкор дониста, айбашро ифшо намояд.
Дигар ин ки ифшо кардани айби гумонбаршуда як навъ таблиғи ҷиноят ҳам ҳаст.
Паёмбар (с) мефармояд: гуноҳ кардан як гуноҳ асту ифшо кардани он гуноҳи дигар. Гуноҳи бадтаринаш ҳам он аст, ки як гуноҳро ба шакли таблиғ ба намоиш мегузоранд. Вақте инсоне амали зишт кард, гунаҳгор ё бадбахт аст, вале ин гуноҳро таблиғ намудану фош кардан, бадбахтиву гунаҳгории сахттар дорад. Яъне таблиғу ташвиқи гуноҳест ба шакли гуноҳ. Аз ин рӯ, гуноҳи дуввумӣ вазнинтар аст.
Бадбахтӣ дар он аст, ки гунаҳкори азимеро бо додани пора озод месозанд.
Ба ҳар ҳол, дуъо мекунем, ки Аллоҳи меҳрубон кишвар ва мардуми Тоҷикистонро обод нигоҳ бидораду сериву пуриро арзонӣ, роҳбарони кишварро аз хурд то бузургаш адолату тавфиқ бидиҳад, то фаъолияти худро сидқан пеш бубаранд.

– Ташаккур барои як чунин суҳбати пурмуҳтаво

Мусоҳиб Абдурраҳмони Сиддиқшоҳ

More From Author

You May Also Like