Categories Uncategorized

Хабарнигори ВВС – узви «Ҳизб-ут-таҳрир»?

Бино ба иттилоъи масъулини дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, сокин ва хабарнигори бахши форсии радиои ВВС Усмонов Урунбой дар вилояти Суғд, бо иттиҳоми узвият дар ҳаракати мамнӯъшудаи «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт гардидааст. Сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки номбурда аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ҳизби ғайриқонунии «Ҳизб-ут-таҳрир» шомил шуда, ба ташвиқоту тарғиботи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов Урунбой бо ҷурми ҷалби сокинони вилояти Суғд ба «Ҳизб-ут-таҳрир» гумонбар дониста мешавад.

More From Author

You May Also Like