Агар чи аз фармони ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар даъват кардани ҷавонон як моҳ бештар мегузарад, аммо то кунун миёни ҷавонон ва шаҳрвандоне ки синну соли онҳо мутобиқ барои адои хидмат дар сафи артиш аст, як нофаҳмӣ ва ноумедие дида мешавад.
Тибқи гузориши як манбаъи хабарӣ, ки дар бораи чигуна даъват шудани ҷавонон дар Бадахшон суҳбат мекунад, амадааст, ки мудири шӯъбаи бахши маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси ВМКБ Ҷумъа Давронбеков зимни суханронии худ иброз доштааст, ки комиссияҳои давлатӣ оид ба сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суст фаъолият дорад.
Ба гуфтаи вай вазифаи онҳоро комиссариатҳои ҳарбӣ иҷро менамоянд. Дар баробари ин ин ҳангоми даъвати ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ, шумори хизматчиёнро танҳо фарзандони деҳқонон ва камбизоатон ташкил медиҳад.
Ба ақидаи вай, ҳангоми даъвати баҳорӣ ба сафи хидмати ҳарбӣ даъват кардани ҷавонон 350 нафар ҷавон аз оилаи деҳқонон ва 29 нафар аз оилаи хизматчиён ба Артиш равона шудаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки суханҳои Ҷумъа Давронбеков ҳақиқатҳое ҳастанд, ки имрӯз бештар ба чашм мехуранд. Зеро имрӯз ҳама пешрафт ва кору бори кишвари мо аз меҳнат ва заҳмати кафи дасти деҳқонону фарзандони онҳо иборат аст.
Падарони бачаҳои деҳқон солҳои тӯлониро дар муҳоҷирати корӣ мегузаронанду содироти бонкии кишварро таъмин менамоянд, фарзандҳояшон бошанд хидмати артиш мекунанду Ватанро аз бадии душман муҳофизат. Ин дар ҳолест, ки дар ин шабу рӯз даъвати ҷавонон “облава” бештар ба назар мерасад.