Categories Ахбори рӯз

Хоруғ: Баҳс сари назокатҳои раванди музокирот идома дорад

Дар Хоруғ миёни ду ҷониби ба тавофуқрасида: намояндагони Ҳукумати ҶТ ва «Ҷомеъаи шаҳрвандӣ» дар мавриди таъсиси комиссиюни муштарак ҷиҳати таҳқиқи ҳаводиси ахир дар ин шаҳр музокирот идома дорад.
Чунин ба назар мерасад, ки онҳо дар мавриди назокатҳои раванди музокирот ҳоло ба мувофиқа нарасидаанд, иттилоъ медиҳад манбаъи мо аз Хоруғ.
Бояд ёддовар шуд, ки музокирот ба хотири майдонхезиҳои мардумӣ дар Ишкошим чанде қабл ба таъвиқ уфтода буд ва имрӯз ҷонибҳо сари чигунагии раванди музокирот диду назарҳои хешро бо ҳам мувофиқ карда истодаанд.

More From Author

You May Also Like