nahzat.tj
Раисҷумҳури Ӯзбакистон изҳор дошт, ки вазъи нопойдори ва фазои ноороми Афғонистон, ки дар 30 соли гузашта идома доштааст, вазъи амниятии Узбакистон ва минтақаро таҳти таъсири мустақими худ қарор додааст.
Ба гузориши “Форс”, Ислом Каримов дар паёми матбуъотие ба муносибати гиромидошти 67 – умин солгарди пирӯзии Иттиҳоди шӯравӣ бар Олмон афзуд, ки вазъи кунунии Афғонистон, даргириҳои мусаллаҳона ва хунин дар ин кишвар, фазои нооромиро эҷод мекунад ва сабаби бӯҳронофаринӣ дар тамоми минтақа шудааст.
Ба ақидаи вай ин нооромии Афғонистон табии набуда, балки таҳдидест дар субот ва оромиши Ӯзбакистону кишварҳои минтақа.
Каримов дар ин паём бо адои эҳтиром ба ёди ҳамватанони ҷонбохта дар ҶБВ гуфт, мардуми мо дар саросари Ӯзбакистон ба таври густурда ин рӯзро гиромӣ медоранд ва онҳоеро ёд мекунанд, ки дар солҳои ин ҷанги ваҳшатнок қурбонӣ шудаанд.