Пеш аз ҳама мехостам ба мавзӯъе бипардозам, ки сармақолаи ҳафтаномаҳо шуда буд. Мавзӯъе, ки аз суханони бародарАбдуллоҳи Раҳнамо гирифта шуд ва мисли сухани Бозор Собир ба як ҳангома табдил шуд. Албатта, на дар сатҳи суханони Бозор.
Яъне «ҲНИТ ҳизби бекитоб» сармақолаи бархе расонаҳо шуда буду баъзеҳо аз ин гап истифода бурда, санги маломат ба сӯи наҳзат партоб мекарданд. Дар ҳоле, ки бархе ҳафтаномаҳо ҳам мунсифона ба ин қазия нигоҳ карда буданд ва дар худи мақола ҳам навишта буданд, ки қиёси ҲНИТ бо аҳзоби пешрафтаи ҷаҳонӣ чандон мантиқӣ нест ва агар ҳамин қиёс дар сатҳи кишвар ва ҳатто дар сатҳи минтақа сурат мегирифт ҷойгоҳ ва мақоми ҲНИТ ба гунаи дигаре дида мешуд.
Бинобарин дар бархе ҳафтаномаҳо то ҳудуде ҷавоби ин интиқод гуфта шудааст. Асли интиқод мантиқӣ ва ба ҷо аст. Яъне бояд наҳзати исломӣ дар арсаи илму фарҳанг ва муаррифии мактабу андешаи худ бештар талош кунад.
Ҳамзамон бояд як воқеияти дигареро низ дар назар гирифт, ки наҳзати исломӣ агарчи, дар марҳалаи феълӣ ба таълифи осори илмие напардохта бошад ҳам, заминаро барои ин раванди фарҳангӣ фароҳам овардааст. Ба иборати дигар, наҳзат шахсиятҳоеро «таълиф» кардааст, ки метавонанд фарҳанги ҷомеаро. Барои мисол, худи ҷаноби Раҳнамо ҳам дар касби мадориҷи илмӣ ва афкори баланд ва созандаи хеш аз наҳзати исломӣ бетаъсир набудааст. Чӣ бихоҳем ва чӣ нахоҳем ҷаноби Раҳнамо ғайри мустақим ҳам бошад, аз ин ҳаракат таъсир пазируфтааст.
Инчунин кумакҳои наҳзати исломӣ барои касоне, ки дар ҷойҳои мухталиф таҳсил кардаанд ва ё мекунанд, инкорнопазир аст. Агарчӣ ин кумакҳо дар ҳадди болое набудааст, аммо наҳзат дар ин амр ба андозаи тавонаш саҳми худро гузоштааст. Барои мисол, агар ба китобҳои таълиф шуда дар чанд соли охир нигоҳ кунем, ба гунае саҳми наҳзатро дар он мушоҳида хоҳем кард.
Аммо боз ҳам таъкид мекунем, ки асли интиқод барои мо қобили қабул аст ва барои рафъи он наҳзати исломӣ бояд иқдомоти амалиеро рӯи даст бигирад.
Масъалаи дигаре, ки мехостам ба он ишора кунам ин масъалаи робита бо ҳукумат аст. Сиёсати ҲНИТ дар имрӯз ҳассосиятзудоӣ ё ба қавли нависандаи мақола ҳамон ташаннуҷзудоӣ байни неруҳои сиёсии ҷомеа ва тарвиҷи муколама ва гуфтугӯи солим аст. Бинобарин, наҳзати исломӣ барои ҳамин сиёсат чандин маротиба мавриди интиқод ва сарзаниш қарор гирифтааст. Чи аз тарафи бархе пайравону аъзоён ва чи аз тариқи баъзе неруҳои сиёсии мавҷуди кишвару хабарнигорон. Намунаҳои зиёдеро аз сайтҳо ва ҳафтаномаҳо дар ин замина метавон пайдо намуд. Дар ҳоле, ки раҳбарони наҳзат ба таври мустақим ё ғайри мустақим ба ин нукта ишора кардаанд, ки ин гузаштҳо барои ташаннуҷзудоӣ ва эҷоди ҳамгароӣ байни ақшори ҷомеа будааст.
Хуб мешуд устод Раҳнамо баъзе назокатҳоро дар назар мегирифт. Масалан, рақобати солими сиёсӣ дигар набояд ташаннуҷзоӣ муаррифӣ шавад. Аз як тараф мардум аз наҳзати исломӣ ба унвони як ҳизби динӣ таваққуъоте доранд ва аз тарафи дигар, ҳамин таваққуъот баъзе ҳассосиятҳоро эҷод мекунад. Аммо ҳамеша дифоъ кардан аз хостаҳои як гурӯҳи бузурги ҷомеа барои ташаннуҷзоӣ нест. Вале нодида гирифтан ва беаҳамиятӣ кардан ба ин таваққуъот ташаннуҷро дар ҷомеа ба вуҷуд меоварад. Вақте ин гурӯҳ эҳсоси сардаргумӣ кунанд ва аз ҳама ноумед шаванд, ба куҷо мераванд ва ба кадом гурӯҳҳо руй меоваранд?
Пас вақте баъзеҳо дахолати наҳзат ба масъалаҳои ҳиҷоб, масҷид, мактаб ва ғайраро ҳамчун масъалаҳои ташаннуҷзо байни наҳзат ва давлат мебинанд, бояд ба ин ҷанбаи он ҳам фикр кунанд, ки дар ғайри ин сурат ин гурӯҳҳо чӣ иқдоме хоҳанд кард? Ба назари ман мунсифона нест, ки ҳамеша дахолат дар ин умурро дар ростои ташаннуҷзоӣ таъбир кунем.
Бинобарин, аз назари мо барнома ва сиёсати наҳзати исломӣ ҳамгароӣ ва ташаннуҷзудоӣ дар миёни тамоми ақшори ҷомеа бо шумули ҳукумат талаққӣ мешавад. Аммо рақобати солим ва ихтилофи назар ва салиқаро ҳатто дар дохили ҳизб зарурӣ ва лозимӣ мешуморанд.
Дар ҷои дигари суханронии худ бародар Раҳнамо мефармояд, идеяи бузург дар дасти тими заиф бошад хатарнок аст ва манзурашон аз заиф дар зоҳир каме норавшан аст, вале дар ботин мефаҳмем, ки ба чӣ ишора доранд.
Пеш аз ҳама, мехостам ин нуктаро ёдовар шавам, ки дар ҲНИТ тамоми тасмимҳо бо қарори Шурои Сиёсӣ гирифта мешаванд. Агар мавзӯъ муҳимтар бошад, ба Раёсати Олӣ ирҷоъ дода мешавад. Аммо мавзӯъҳои аслӣ ҳамчун интихоби раиси ҳизб аз тариқи даъвати анҷуман сурат мегирад. Гоҳе вақтҳо баҳсҳои шадиде байни аъзоёни Шӯрои Сиёсии ҲНИТ сар мезанад ва ихтилофи назарҳое ба вуҷуд меояд, ки бо роҳҳои мухталиф ҳалли худро пайдо мекунанд. Озодие, ки дар дохили наҳзати исломӣ вуҷуд дорад, шояд дар сатҳи минтақа чунин озодиро дар дигар ҳукуматҳову аҳзоб пайдо кардан душвор бошад. Пас дар ин замина ҲНИТ на танҳо заиф нест, балки шояд аз дигарон қавитар ҳам бошад. Ин воқеиятро метавонем аз ҳар каси дар Шӯрои Сиёсии наҳзат узв буда бифаҳмем.
Аз тарафи дигар, аз замоне, ки барномаи дусолаи ҲНИТ худсозӣ ва мардуммеҳварӣ эълон шудааст, наҳзати исломӣ дар чанд бахш фаъолияти худро пеш бурдааст. Аз ҷумла аксарияти аъзоёни Шӯрои Сиёсии ҲНИТ кор бо компютер ва истифода аз интернетро омӯхтаанд. Ҳамаи утоқҳои кории кормандони марказ бо интернет таъмин аст ва онҳо аз ин василаи пешрафтаи муосир ба хубӣ истифода мебаранд. Ҳатто ин барномаро ҳизб дар маркази вилоятҳо ҳам ба роҳ мондааст.
Шояд шумо устоди азиз ҳамон гунае, ки дар суханрониатон ишора кардед аз пешрафтҳои наҳзати исломӣ дур мондаед. Аммо ин айби шумо нест, боз ҳам камбудии наҳзати исломист, ки натавонистааст бархе фаъолиятҳояшро ба ҷомеа муаррифӣ намояд.
Вале агар оқои Раҳнамо медонистанд, ки ҳамин суханрониашон аз тариқи интернет дар тамоми дунё пахш мешавад ва хеле аз ҳамватанонамон дар хориҷи кишвар ба таври мустақим суханони эшонро шунидаан ва қаблан ҳам вохуриҳои раиси ҳизбро аз тариқи интернет ҳамватанони дар хориҷ буда мешуниданд ва ҳатто дар савлу ҷавобҳо мустақиман ширкат менамуданд, шояд назарашон каме ҳам бошад дигар мешуд.
Аммо дар мавриди идомаи ислоҳот ва тағйирот мо ҳам бо шумо мувофиқ ҳастем. Ба назари мо шиори ҳамоиш баёнгари он аст, , ки наҳзат бар зарурати ин асл пай бурдааст ва ин масирро идома доданист. Зеро ҳама медонанд, ки ҳеҷ созмоне бидуни ислоҳу тағйир пешрафт намекунад. Инчунин дар мавриди ташвиқ ва тарғиби пайравон ба суи илму маърифат комилан бо шумо мувофиқ ҳастам. Ба назар мерасад гароиши наҳзат ба равишҳои омӯзишии суннатӣ ва ғайри клосик далели заъфи ин ҷанбаи наҳзат бошад. Яъне наҳзат дар баробари омузишҳои ҳиҷрагии ба сабки солҳои гузаштаи худ, бояд аз омузишҳои академикӣ ва стандартии ҷаҳонӣ ҳам истифода намояд. Умедворем академияи наҳзат ин камбудиро эҳсос намуда, онро рафъ менамояд.
Дар мавриди фаъолиятҳои фарҳангӣ ҳам бояд бигӯям, ки чанде пеш бо барномаи шӯъбаи фарҳанги ҲНИТ ошно шудам. Хушбахтона дар он барномаҳоеро дидам, ки дар пешниҳодоти оқои Раҳнамо ҳам садо доданд. Бинобарин фикр мекунам, ки амалӣ шудани ин барномаҳо дар соли равон шояд то андозае таваққӯъоти мунтақидонро бароварда намояд.
Хулоса устод Раҳнамо холисона гӯфтанду мо дӯстона шунидем ва ҳоло мо дӯстона гӯфтем то эшон мухлисона бишнаванд.
Бобоҷони Қаюмзод