Субҳи имруз, 17-уми июн Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳайати намояндагони Бунёди ба номи Ф. Эбертро, ки иборат аз Рейнхард Крумм, роҳбари Департменти Аврупои Шаркии бунёд, Бритта Утс, мудири минтақавии бунёд дар Қиргизистон ва Тоҷикистон ва доктор Макс Брендл, корманди қисми Аврупои Марказӣ ва Шаркии бунёди мазкурро дар дафтари марказии ҳизб ба ҳузур пазируфт.
Муҳиддин Кабирӣ дар аввал меҳмононро барои ташриф оварданашон ба дафтари ҳизб хайрамақдам гуфт ва меҳмонон низ дар навбати худ аз роҳбари ХНИТ барои пазироии онҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.
Зимни суҳбат тарафҳо масоили марбут ба вазъи минтақа ва кишварро дар партави ҳаводиси Украина, афзоиш ва нерӯ гирифтани гурӯҳҳои ифротӣ ва экстрамистӣ дар ҷаҳони Ислом, бахусус дар Ховари Миёна ва таъсири он дар минтақа, интихоботи парлумонии 2015 ва накши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар онро баҳсу баррасӣ карданд.
Муҳиддин Кабирӣ гуфт, “он чӣ дар чаҳони Ислом мегузарад, натиҷаи сиёсатҳои ғалат дар муддати даҳсолаҳост ва маҳдуд гардонидани озодиҳою ҳуқуқҳои мардум боиси рушди ифротгарои гаштааст. Дар мисоли Ироқ мебинем, ки чӣ гуна мардум дар як лаҳза тарафдори як гурӯҳи хурди тундрав мешаванд ва ҳама норозиҳо, аз “баъсиҳо”-и дунявӣ сар карда, то тундгароҳои мазҳабӣ зери як парчам ҷамъ мешаванд”. Ӯ афзуд, “пайдоиш ва рушди гурӯҳҳои тундрав натиҷаи низомҳои худкома аст ва фаъолияти гурӯҳҳои тундрав дар навбати худ низомҳои худкомаро қавитар мекунаду онҳоро ва машруъият мебахшад”.
Дар охир роҳбари Наҳзат гуфт: ин ҳама дар ниҳоят боиси бадтар шудани вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳо гаштааст.
Categories
Ахбори рӯз