Абдусамади Раҳмон
nahzat.tj
Лоиҳаи Қонуни муҳоҷират ба Парлумони кишвар пешниҳод гардид. Абдулхайр Ғафуриён, корманди Дастгоҳи иҷроияи президент ва раиси ин комиссия мегӯяд, дар ҳоли ҳозир пешниҳод ва назарҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ роҷеъ ба ин тарҳ шунида мешавад ва он пешиниҳодоте, ки қобили қабул ҳастанд, ба лоиҳа ворид мегарданд.
Тарҳи қонун аз 9 бобу 30 модда иборат буда, раванди муҳоҷирати аз кишвар ба хориҷ ва аз хориҷ ба Тоҷикистонро танзим мекунад.
Ба гуфтаи коршиносон, тарҳи қонуни мазкур 2 сол инҷониб дар ҳоли таҳия шудан аст. Ҳар бор фурсати пешниҳоди тарҳ ба Парлумон бо сабабҳои гуногун ба дарозо кашида мешавад.