Як мақоми баландпояи Олмон таъкид кардааст, ки эҳтимол дорад барои мубориза бо ДИИШ кишварҳои ғарбӣ курдҳои ҷудоиталаби Туркияро мусаллаҳ намоянд. Ин дар ҳоле аст, ки баъди оғози гуфтугӯ ва имзои қарордоди оташбас байни созмони П.К.К ва ҳукумати Туркия чанд рӯз пеш барои аввалин бор ҳавопаймоҳои ин кишвар мавқеъи курдҳоро дар марзи Ироқ бомбаборон карданд. Таниш байни курдҳо ва давлати Туркия аз замоне оғоз шуд, ки ДИИШ бо ҳамла ба шаҳри Кубонӣ яке аз шаҳрҳои курднишини Сурия онро дар муҳосираи худ қарор додааст ва курдҳои сокини ин шаҳр вориди Туркия шудаанд.
Амрико барои мубориза бо ДИИШ эътилоферо ташкил кардааст, ки ҳамарӯза мавзеъҳои ин гурӯҳро мавриди ҳамла қарор медиҳанд. Бо вуҷуди ин ДИИШ дар Сурия ва Ироқ на танҳо ақибнишинӣ накардааст, балки пешрафт ҳам доштааст. Аммо Туркия барои шомил шудан ба ин эътилоф шартҳои худашро пешниҳод кардааст ва то ҳол ба он ворид нашудааст. Ба назар мерасад Туркия аз ояндаи ин кор нигарон аст. Зеро ин кишвар дар чанд соли охир тавонистааст рушди иқтисодии болоеро соҳиб шавад ва ин дастовард дар сояи оромии нисбие ба вуҷуд омадааст, ки дар чанд соли охир шоҳидаш будааст. Туркия медонад, ки ворид шудан ба ҳар танишу нооромие натиҷаи хубе нахоҳад дошт, бинобарин талош хоҳад кард, то аз руёруии мустақим парҳез намояд.
Ғарб бошад аз ин амали Туркия розӣ ба назар намерасад ва барои ворид кардани Туркия ба эътилофи худ аз чунин бозиҳо истифода хоҳад кард. Аммо маълум нест, ки чолиши байни Туркия ва Ғарб ба куҷо меанҷомад.