Ӽикматуллоҳ Воҳидхон
nahzat.tj
Ба гузориши «jahon» ба нақл аз «irina» сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин гуфтааст: «Мо таҳмили қонуни дохилии як кишварро барои иҷро дар сатҳи байналмилалӣ қабул надорем»
Ӽунг Ли иқдомҳои Амрикоро якҷониба хонда изҳор доштааст, ки Вашингтон ҳақ надорад, кишварҳои дигарро ба иҷрои тасмимҳое, ки худ мегирад, таҳдид кунад.
Ӯ равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии кишварашро бо ҷумҳурии исломии Эрон, аз ҷумла заминаи энержӣ таъкид карда афзудааст, ки ҳамкориҳои Эрон ва Чин шаффоф аст.
Чен Го-Пин, муовини вазири умури хориҷаи Чин низ имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон, таҳримҳои як ҷонибаи Ғарб алайҳи Эронро маҳкум карда гуфтааст: «Амрико ва Аврупо муқобили ҷараёни об ҳаракт мекунанд ва худро фаротар аз иқтидори СММ қарор додаанд»
Ҳамчунин афзудааст, ки Чин наметавонад таҳаммул кунад, ки ғарб бо таҳримҳои якҷониба ба кишварҳое, ки бо Эрон мубодилоти тиҷоратии оддӣ доранд, дахолат кунад.
Хабаргузории расмии Чин низ дирӯз дар гузорише Амрикоро мавриди интиқод қарор дода навиштааст: «Тамоми таҳримҳои ғарб алайҳи Эрон бояд лағв шавад.»