Categories Uncategorized

Шабаҳи Протоколи 32 – 20 дар вилояти Суғд

Ансоридини Салоҳидин

nahzat.tj

Баъд аз вохӯриҳои муваффақонаи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон ва  намояндагони ақшори дигари ҷомеъа дар якчанд шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар фарҷоми соли сипаришуда, ки бо мусоидат  ва ҳамкории мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ баргузор шуда буданд, ҳамагон оиди ҳусни тафоҳуми мақомоти иҷроия бо аҳзоби сиёсии кишвар ҳарф мезаданд.

Раиси ҲНИТ низ бо ирсоли барқияе унвонии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз чунин ҳамкории мутақобилаи судманд изҳори қаноатмандӣ ва сипос намуда буд. Воқеан ҳам аз рӯи инсоф ва тибқи муқаррароти  қавонини кишвар масъулини ҳукуматӣ бояд барои фаъолияти ҳамаи аҳзоб шароит ва имконоти баробарро таъмин намоянд.

Дар моддаи 8-уми Сарқонуни ҶТ омадааст, ки «ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад». Мутаассифона баъзе мансабдорон дар маҳалҳо гоҳо ин меъёри конститутсиониро дониста ё надониста, поймол мекунанд. Гузориши масъулини шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар ҷаласаи раёсат, ки дирӯз дар Хуҷанд бо ширкати муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳаит баргузор шуд, гувоҳи гуфтаҳои болост.

Аксари онҳо ҳини гузориш оиди мушкилиҳо ва монеъаҳои эҷодкардаи масъулини мақомоти иҷроия ва қудратӣ ба фаъолияти созмонҳои ҳизбӣ дар моҳи охир  шикоят мекарданд. Аз ҷумла, раиси тозаинтихоби бахши ноҳиявии ҲНИТ дар Ашт Шавкати Муҳаммад дар поёни гузориши худ ироъа намуд, ки аз ҷониби мақомот  ҷиҳати  ҷудо кардани минтақаи замин барои бунёди қароргоҳи нав монеъаҳо эҷод шуда истодааст.  Ҳатто як сухани сариҳӣ аз намояндаи мақомотро нақл кард, ки  гуфтааст: «мо намегузорем, ки шумо қароргоҳ бунёд кунед, дар ҳамон ҷойи куҳнаатон нишастан гиред ». Сипас раиси бахши Истаравшан Отаев Камолхон низ дар гузориши худ маълумот дод: дар Истаравшан фишору тазйиқҳо алайҳи аъзои хизб зиёд аст, ҳатто ба шакли маҷбурӣ аризаи онҳоро нависонда истодаанд, ки аз ҳизб бояд хориҷ шаванд.

Назири чунин мушкилиҳо дар ноҳияи Мастчоҳ низ ба назар мерасидааст, чи хеле ки раиси бахши мазкур Илҳом Беков ба он ишора кард. Дар Исфара мақомот аз масъулини бахши ноҳиявии ҲНИТ талаб кардаанд, ки аз қароргоҳи иҷоравие, ки дар дар бинои кумитаи андози ш. Исфара ҷойгир аст, хориҷ шаванд. Дар ноҳияи Спитамен ҳангоми паҳн кардани тақвими вақтҳои намоз милисаҳо нагузоштаанд, ки он дастраси намозгузорон шавад. Хушбахтона, ин мушкилӣ баъди суҳбати раиси бахши мазкур Сафармамад Абдуллоев  бо раиси мақомоти амниятӣ  ҳалли худро ёфтааст.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳаит ҳини суханронии ҷамъбастии хеш изҳор намуд, ки то имрӯз дар аксари манотиқи кишвар шабаҳи «протоколи  ҳангомадори 32-20» эҳсос мешавад. Мавсуф афзудани қонуншиканиҳои мақомотро дар шакли фишору таҳдид ба аъзои аҳзоби мухолиф ба наздикшавии интихоботи президентӣ  марбут маънидод карда, аҳли раёсатро ба суботу устуворӣ даъват намуд. Дар поёни ҷаласаи раёсат қарор қабул карда шуд, ки чиҳати боло бурдани маърифати  ҳуқуқии аъзои ҳизб ва ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон дар минтақаҳо машварату давраҳои омӯзиши қавонини ҷории кишвар ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ташкил карда шавад.

More From Author

You May Also Like