Categories Uncategorized

Барканоршавии муҷассамаи Ленин

nahzat.tj

Охирин муҷассамаи Владимир Ленин, муассиси ҳизби коммунизм дар Русия дар Уланбатор, пойтахти Муғулистон барканор шуд.

Кишвари Муғулистон то соли 1990, замоне ки бар зидди коммунизм сар бардошт, як ҷузъи кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Шаҳрдори Уланбатор гуфтааст, ки ҳоло кишвар тағйир гардидааст. Аксари нафарони дар он ҷамъомадбуда пеш аз он ки муҷассамаи Ленинро ба мошин бор кунанд, пойафзолҳои худро ба сӯи он партоб кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ин муҷассамаи инқилобчии коммунизм дар як музояда ба фурӯш гузошта хоҳад шуд.

More From Author

You May Also Like