Categories Uncategorized

Шеър ва оғози шеърии Иқбол

Таҳияи Абдулғанӣ Абдулваҳҳоб


Иқбол яке аз шоирони нодире ба шумор меравад, ки шеърро дар хидмати андешаҳояш қарор додааст. Ҳар байти эҷоднамудааш шомили андешаҳои нав ба нав ва паёмовари рӯҳбаландӣ мебошад, ки қисмати аз бедории Шарқро метавон дар дили байтҳои ҳадафмандонаи ӯ решаёбӣ кард. Аҳмади Суруш яке аз донишмандон ва муҳаққиқони шеър, дар муқаддимаи девони ашъори Иқбол баён медорад, ки: «Иқбол аз зумраи қаҳрамонони ҷовиди шеъри форсӣ буда, чун Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофиз сабку мактаби тозае дар олами эҷод овардааст, ки бояд ин сабкро “Сабки Иқбол” номид ва қарни адабии ҳозирро ба номи ӯ номгузорӣ кард”.

Ба саводи дидаи ту назар офаридаам ман,

Ба хамири ту ҷаҳони дигар офаридаам ман.

Ҳама ховарон ба хобе, ки ниҳон зи чашми анҷум,

Ба суруди зиндагонӣ саҳар офаридаам ман.

Насле, ки дар шибҳи қораи Ҳинд барои озодӣ ва истиқлоли пирӯзмандона мубориза кард, як насли қаҳрамон буд. Дар миёни ин насли қаҳрамон ва озодихоҳ Аллома Иқбол шахсияте ба шумор меравад, ки тавонистааст озодӣ ва озодагиро дар қалбу андешаҳо ҷой бидиҳад. Аммо ӯ барои андешаҳои баландаш қолаби шеъри дариро баргузида, аз шеваи шоирони баландандеши даризабон истифода намуд ва бузургтарин паёми ӯ дар қолаби шеъри форсӣ ин аст:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,

Эй ҷавонони аҷам ҷони ману ҷони шумо.

Оре, унсури аслии шеъри Иқбол андеша мебошад. Ӯ дар асл, худро шоир намедонист ва шеърро ҷуз василае барои интиқоли афкораш чизи дигар намешинохт. Ӯ дар номае навиштааст: “Дар шоирӣ ба зебоии калимаҳову фунуни адабӣ ва нозукхаёлӣ таваҷҷӯҳе надорам, мақсадам танҳо ин аст, ки инқилобе дар афкор эҷод кунам”.

Осори муҳимми Иқболи Лоҳурӣ

Иқболи Лоҳурӣ осори зиёде дар мавзӯъҳои мухталиф аз худ боқӣ гузоштааст. Аммо машҳуртарини онҳо рисолаи доктории ӯ “Инкишофи моваро” ва “Сайри фалсафа дар Эрон” ба шумор мераванд.

Китоби якум ҳамчун китобе идеологӣ барои тамоми мусалмонон ва дуюмӣ бошад яке аз нахустин таҳқиқотҳои илмӣ дар бораи фалсафаи Шарқ дар давраҳои қабл аз Ислом ва баъд аз Ислом, ки аз аҳамияти хоссае бархурдор аст, ба шумор мераванд.

Ашъори дарии Иқбол таҳти унвонҳои “Паёми Шарқ”, “Исрор ва рамуз”, “Ҷовиднома”, “Масснавӣ, пас чӣ бояд кард?” ва “Мусофир ва армуғони Ҳиҷоз” ба нашр баромада, миёни даризабонон шӯҳрати бисёр доранд.

Роҳбурди фикрии Иқбол

Агар хонандаи огоҳ танҳо ба унвонҳои осори Иқбол, ки дар боло зикр гардиданд, диққат намояд, дарк хоҳад кард, ки Иқбол ҳамчун як назарияпардоз эҷоди ҷомеаи Исломро бо назардошти пешрафти тамаддуну фарҳанги имрӯзи ҷаҳон ҳадафи корҳои фикрию адабии хеш қарор дода буд ва мехост бо ашъору осори худ навъе аз таҳаррукро дар фаъолиятҳои фикрию адабӣ барои хонандагон ба миён оварад. Аз ҷумла барои хонандагони даризабон, то онҳо битавонанд ҷомеаро аз хоби ғафлат бедор намуда, самти кӯшишу фаъолиятҳои созандагӣ равона созанд.

Фаъолият ва шеваҳои фикрию адабии Иқбол

Баррасиҳои осори Иқбол ҳокӣ аз онанд, ки ӯ равишҳоеро, ки ба кор мегирифт, аз як тараф бо умури нафсонӣ алоқамандӣ дорад. Ҳамзамон ба умури офоқӣ иртибот дорад, ки дар он фаъолияту созандагӣ ва арзишҳои ин ҷаҳонро ҷилва медиҳад. Албатта, дар ин миён, аз як сӯ муқоисаеро ба кор гирифта, зиндагии ғарбиёнро дар муқоиса бо зиндагии мардуми Шарқ нишон медиҳад. Аз сӯйи дигар, шахсиятҳои бузурги таърихии ҷаҳони Исломро ҳамчун намуна аз пешрафти мусулмонон дар давраҳои тиллоӣ ироа менамояд, ба монанди аҳди Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва билоохира бо истифода аз равиши дарунгаро ва берунгаро аз як ҷониб хонандаро мутаваҷҷеҳи худ сохта, аз ҷониби дигар бошад ба ҳастии ҷаҳону табиат диққати инсонро ҷалб менамояд.

Таҷаллии Қуръон дар суханони Аллома Иқболи Лоҳурӣ

Иқбол дар хонаводае чашм ба ҳаёт кушода буд, ки дини Ислом дар он мақом ва мартабаи вижае дошт. Ҳамин буд, ки Иқбол бо рӯҳи равони худ онро дарк намуда ва ҳамеша зери панду андарзҳои падари бузурги худ, ки гуфта буд: “Вақте Қуръон мехонӣ, тасаввур кун, ки ба ту нозил шудааст, яъне мухотаби сухани Худованд шудаӣ” амал мекард. Аз ин ҷост, ки дар осори Иқбол таъсири Қуръон ва таълимоти исломӣ бештар ба назар мерасад. Аз лиҳозе ки дунёи Иқбол пур аз ҷаҳду талош барои бозсозии ҷомеаи ақибмонда ва мубориза бо душманони миллат аст, бояд ин даъват дар асоси усули ақидавӣ бошад, то мавриди пазириш қарор гирад. Иқбол бо фикру мулоҳизаи зиёд дар оёти Қуръон роҳи ҳалли мушкили мардуми мусулмонро дар бозгашт ба Қуръон хонда, мӯътақид аст, ки барои ба даст овардани азамату шукӯҳи гузашта, бояд ин китоби муқаддасро ҳифз кард ва ба он амал намуда, онро ойини худ қарор дод.

Ҳифзи Қуръон азими ойини туст,

Ҳарфи ҳақро фош гуфтан дини туст.

Аз ҳамин ойин мусулмон зиндааст,

Пайкари уммат зи Қуръон зиндааст.

Иқбол тамоми андешаҳои худро бо забони Қуръон баён мекунад, ки барои намуна дар зер чанд мисраеро хоҳем овард:

Аз тайи оташ барандозем гул,

Нори ҳар Намрудро созем гул.

(ишора ба сураи “Анбиё” ояти 69)

Ҳақтаъоло пайкари мо офарид,

В-аз рисолат дар тани мо ҷон  дамид.

(ишора ба сураи “Анфол”, ояти 24)

Мо зи ҳукми нисбати ӯ миллатем,

Аҳли оламро паёми раҳматем.

(ишора ба сураи “Анбиё”, ояти 107)

Дини фитрат аз Набӣ омӯхтем,

Дар раҳи ҳақ машъале афрухтем.

(ишора ба сураи “Рум”, ояти 30)

Ба ҳамин минвол Иқбол тамоми андешаҳои худро бо илҳоми аз Қуръон изҳор мекунад ва ҳамин Қуръонро меҳвар қарор додану унс ба он гирифтан аст, ки Иқболро ба дилҳо азиз намуда, ӯро аз зумраи шахсиятҳои ҷаҳони Ислом барои насли баъдӣ муаррифӣ менамояд.

Албатта, бо инҳама наметавон хулосагирӣ кард. Зеро Иқбол як имтиёзи бузурги дигареро ҳам дорост, ки ҳеҷ кас монанди ӯ натавонистааст азамат ва бузургии паёмбари акрам (с)-ро бисарояд.

More From Author

You May Also Like