Categories Ахбори рӯз

Тоҷикҳо ҳам аз вируси “Эбола” санҷиш мешаванд

Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо ирсоли як нома ба мақомоти Тоҷикистон пешниҳод намудааст, афроде, ки ба кишварҳои африқоӣ сафар мекунанд ё аз он кишварҳо бармегарданд, ба таври ҷиддӣ мавриди санҷиш ва муоина қарор бигиранд.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон бо тасдиқи хабари мазкур ба Радиои Озодӣ иброз дошта, ки Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ ба вазорати тандурустии Тоҷикистон бо ирсоли номае дархост намуда, ки шаҳрвандони дар кишварҳои Африқо буда ва ё африқоиҳое, ки дар Тоҷикистон мебошанд, мавриди муоинаи қарор бигиранд.

Вазорати тандурустии кишвар гуфтааст, ки тамоми имкониятҳо барои пешгирӣ аз ингуна вирус ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи мақомот ҳудуди 30 нафар донишҷӯи африқоиро, ки дар донишгоҳҳои кишвар машғули таҳсил қарор доранд, аз ташхис гузаронда бо онҳо машваратҳо дода шудааст. Ҳамзамон ба онҳо машварат дода шудааст, ки то аз сафар ба зодгоҳашон худдорӣ кунанд.

Лозим ба ёдоварист, бемории “Эбола”, ки 90 дарсади гирифторонашро мекушад, моҳи марти соли ҷорӣ дар Гвинея хуруҷ кард ва аз ин кишвар ба дигар кишварҳои африқоӣ гузаштааст.

More From Author

You May Also Like