Ӽикматуллоҳ Воҳидхон
Nahzat.tj
Ширкати «Hewlett-Packard» (Hp), яке аз бузургтарин ширкатҳои истеҳсоли компутерҳои шахсӣ, эълон кардааст, ки то соли 2014 ҳудуди 27 ҳазор, яъне ҳашт дарсади кормандони худро ихроҷ хоҳад кард.
Ин ширкат гуфтааст, бо ҷавоб додани ин теъдоди кормандон метавонад солона 305 милиард доллари ИМА сарфаҷӯӣ намояд ва ин буҷаро дар худи ширкат сармоягузорӣ кунад.
Маҳсулоти ширкатҳои рақиб ҳамчун «iPad» ширкати «Аpple» саҳми бузурге аз бозорро ба худ ихтисос додааст ва аз мизони суди ширкати «Hp» мекоҳад.
Ширкати «Hewlett-Packard» дар сатҳи ҷаҳонӣ 350 ҳазор корманд дорад.
Сухангӯи ширкат гуфтааст, ки мушаххас нест, теъдоди неруи кадом қисматро бештар таҳти таъсир қарор хоҳад дод. Аммо ӯ гуфтааст, итминон дорад, ки ҳеҷ бахшеро бетаъғир нахоҳад гузошт.
Хабари ихроҷи кормандони ширкати «Hp» дар ҳоле мунташир мешавад, ки рӯзи чоршанбе, гузориши семоҳаи ин ширкат миқдори даромад ва фоидаи онро беш аз он чи, ки пешбинӣ мешуд, нишон дод.
Мег Уитман раиси ин ширкат мегӯяд, бо ин ки натоиҷи давраи се моҳ бештар аз пешбинҳо шудааст, аммо ҳанӯз корҳои зиёде вуҷуд дорад, ки бояд анҷом гирад.
Хонум Уитман, ки раиси собиқи ширкати «eBay» аст, ҳашт моҳ пештар ба ин ширкат омад ва ваъда дод, ки мушкилоти онро бартараф кунад.
Дар он замон ширкати «Hp» талошҳое барои тавлиди як лавҳаи электронӣ анҷом дод, ки ба натиҷа нарасида буд. Ӽамзамон ин ширкат гуфта буд тасми дорад аз бозори тавлиди компутерҳои шахсӣ даст кашад.
Раиси собиқи ин ширкат ҳамагӣ 11 моҳ дар ин курсӣ нишаста буд.