Categories Uncategorized

Шогирдон ба муҳоҷират омода мешаванд

Абдусамади Раҳмон

nahzat.tj

Дирӯз мизи мудаввар «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти он» дар мактаби таҳсилоти умумии № 49-и шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он масъулини раёсати Хадамоти муҳоҷирати (ХМ) назди Ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ, Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ), Иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатии Федератсияи Русия ва раёсати маорифи шаҳри Душанбе иштирок варзиданд.

Нахуст Абдуллоҳ Қодирӣ, сардори Шӯъбаи робита бо ҷомеаи ХМ, дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии имрӯзаи кишвар, гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, шуғли аҳолӣ, бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатии дохилию хориҷӣ, таъсиси Хадамоти муҳоҷират, вазифаҳо ва ваколатҳои он, танзим раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби муташаккилона, омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз қабили забони русӣ, англисӣ, немисию арабӣ ва таълими касбии онҳо сӯҳбат намуд. Улуғбек Авезов, намояндаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, қонуну қарорҳои кишвари қабулкунанда ва фаъолиятҳои Созмони Байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва Федератсияи Русия маълумоти муфассал дода, китобчаҳои роҳнамои муҳоҷирон, диск ва бархе аз маводҳое, ки доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия шудаанд, ба мактаббачагон супорида шуданд.

More From Author

You May Also Like