Categories СИЁСАТ

Шумо аз нишасти навбатии СҲШ чиро интизоред?

Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали раҳбари ҲНИТ ва вакили он дар парлумон:

Самараи ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ-ро, ки дар Душанбе ба ҳам омадаанд, танҳо дар он мебинам, ки дар тамоми ахбори расонаҳои ҷаҳонӣ кишвари мо дар меҳварият қарор гирифт. Ҳама дар бораи Душанбе ва умуман Тоҷикистон мегӯянд, дар бораи ин нишаст ҳарф мезананд, ки сабаби боло рафтани обрӯ ва овозаи кишвари мост.
Вале кадом манфиъати дигареро аз ин нишаст наметавон интизор дошт.

Зарафо Раҳмонӣ, мушовири раиси ҲНИТ доир ба масоили ҳуқуқӣ:
Интизорӣ аз нишасти навбатии СҲШ ҳамин буда метавонад, ки баҳам омадани сарони ду кишвари ҳамсояи Узбакистон ва Тоҷикистонро фоли нек мегирам. Чун тайи чанд соли охир муносибатҳо миёни Тошканду Душанбе сард буданд, ки аслан азияти зиёд ба мардумони ду кишвар ба бор овард, ҳам дар рафту омад ва доду гирифт, ҳам дар вазъи иқтисодӣ баъзе мушкилоте, ки эҷод шуданд, маҳз дар заминаи ҳамин муносибатҳост.
Дигар интизорӣ, суботу амният ва ба эътидол овардани ҳамин вазъияти иқтисодӣ буда метавонад. Имрӯзҳо равобити иқтисодии кишвари мо ба чандин кишварҳо, бахусус аъзои СҲШ дар ҳоли густаришанд ва нишасти Душанбе ба тақвияти ин гуна равобит мусоидат расонида метавонад.

Муллоаббос Раҷабзода, и.в. раиси шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд:
– Албатта, умедвор будан аз ноумедӣ беҳтар аст, ба вижа дар замоне, ки дар аксар мамолик нооромист, шояд манфиъати ин нишастҳо бештар бошад.
Банда, аз ташрифи раҳбарони кишваҳои ҳамсоя ба Тоҷкистон хушам меояд ва маҳз аз ин масъала таваққуъи бештар дорам.
Умед аст, ки ташрифи ҷаноби Ислом Каримов ба беҳтар шудани муносибати ҳамсоягӣ такон хоҳад дод. Ҳамчунин вазъият дар марз бо қирғизҳо беҳтар хоҳад шуд.
Дар акси ҳол, аз ин нишастҳо ҷуз саҳнасозӣ ва мардумфиребӣ дигар чизеро намебинам.
Қамариддин Афзалӣ, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Қурғонтеппа:
– Банда бар ин ақидаам, ки аз нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, барномаҳои матраҳ, ҳамчунин аз ҳузури шахси президентҳо, ба ростӣ чизи чашмрасеро интизор нестам. Эҳтимол мисли қабл, тамоми барномаҳо рӯи коғаз бимонанд.
Ба ин хотир, ягона чизе, ки метавонад ба вуқуъ бипайвандад, васеъшавии маҳдудаи ҳамин созмон аст. Шояд сарони кишварҳо ба хулоса биёянду баъди дигаргунии вазъият, бахусус буҳрони Укроин ворид шудани аъзои наверо барои дурнамои ин созмон беҳтар бидонанд, он ҳам ба хотири мустаҳкам кардани он.
Аммо дар мавриди барномаҳои иқтисодӣ ва ба иҷро расидани онҳо назари банда манфист.
Раҳматуллоҳи Раҷаб, раиси шуъбаи ҲНИТ дар НТМ:
-Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ, мисли ҷаласаҳои пешин кадом навгониҳое ба манфиъати Тоҷикистон нахоҳад дошт. Мардум аз ин нишаст, фақат вохӯриҳои Э.Раҳмон бо ҳамтоёнашро интизор доранд, ки чӣ навигариҳоеро ба бор меоранд, қабл аз ҳама мулоқот бо И. Каримов бояд муносибатҳои сардро рафъ созад ва ҳарду тараф ба хулоса биёянд, ки раводид миёни ду кишвар бардошта ва сохтмони «Роғун» бея гон мушкил оғоз шавад, ҳамчунин муносибатҳои тиҷоратӣ барқарор гарданд.
Аммо аз мулоқот бо В.Путин шартномаҳое, ки барои воридоти маводи сухт ба имзо расидаанд, андозбандии бемантиқи онҳо бекор гашта, вазъи буду боши муҳоҷирин беҳтар ва маҳдудиятҳои сунъӣ дар ин маврид бардошта шаванд. Чун алакай аз берун кардани беш аз 300 ҳаз. шаҳрванди мо хабар дода мешавад.

Муҳаммадшариф Набизод, раиси шуъбаи ҲНИТ дар митақаи Кӯлоб:
– Аз ин самитҳо кадом интизорие надорем, чун ҳарвақта дар ин гуна созмонҳо ҳарфи аввалро кишварҳои хос мезананд ва мавқеъгирии кишварҳои кучак кадом таъсирбаъше буда наметавонад.
Фикр мекунам, кишвари мо ягон манфиъатеро набояд интизор дошта бошад. Кишварҳои Чину Русия, ки сухани аввал аз онҳост, ин гуна созмону самитҳоро барои манфиъати худ таъсис додаанд. Аммо кишвари мо, ҳамон чанд маблағаке, ки аз ҳисоби андози мардум ҷамъ кардааст, дар ин гуна нишастҳо масраф мекунаду бас. Барои мардум бошад, ин гуна нишастҳо ҷуз роҳбандӣ ва сарсониву саргардонӣ чизи дигаре надоранд.

More From Author

You May Also Like