Дар рӯзҳои охир дар расонаҳо хабарҳои зиёде дар мавриди худкушӣ ба нашр мерасад. Аз тарафи дигар дар чанд ҳафтаи охир дар бораи гум шудани духтарон низ чанд хабар нашр гардид. Ин дар ҳоле аст, ки аксарияти худкушиҳо ҳам ба занон рабт дорад.
Худовезии хонандаи синфи 11 дар ноҳияи Ашт ду рӯз пештар бори дигар нишон дод, ки ин падида дар ҳоли афзоиш аст. Аммо савол инҷост, ки барои пешгирӣ аз ин падидаи шум кадом ниҳод ва ё муассисае масъул аст? Дуруст аст, ки бояд ҳамаи мардум дар пешгирии ин падида саҳм дошта бошанд, вале масъулияти онро ҳам бояд ниҳоди хоссе ба уҳда дошта бошад. Агар ин падида чунин идома ёфтан гирад барои миллату кишвар ба як манбаи хатар табдил мешавад. Чаро омилҳои худкушии мардум то ҳол мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор нагирифтааст? Оё ҷони одамон ин арзишро надорад, ки ба хотираш ниҳоди махсусе машғули таҳқиқот шавад?
Шояд бад набошад, ки як таҳқиқоти журналистӣ аз тариқи расонаҳои кишвар дар ин замина анҷом дода шавад.
Аз тарафи дигар дар чанд ҳафтаи охир гум шудани духтарон низ сабаби нигаронии мардум гаштааст. Чаро онҳо гум мешаванду сабабгори чунин ҳодисаҳо кист?
Хуб мешуд, ки масъулин ва ниҳодҳои марбута дар ин замина иқдомотеро руи даст бигиранд. Иқдомоти дақиқ ва санҷидашудае, ки битавонад решаи ин падидаҳоро бихшконад.
Хуб мешуд, ки таъсири омилҳои маънавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра дар ин падидаҳо комилан мариди таҳқиқ ва арзёбӣ қарор гиранд.