Э.Раҳмон: Фаъолияти роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба талабот ҷавобгӯ нест

Э.Раҳмон: Фаъолияти роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба талабот ҷавобгӯ нестcolorstart:#000000“Мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба Ватан ва давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд», гуфтааст ҷаноби Э.Раҳмон зимни суханронӣ дар мушовараи васеи Прокуратураи генералӣ, ки чунин як ҷаласаи он дар «Кохи Ваҳдат» баргузор гардид.

Аз суҳбати ҷаноби Э. Раҳмон бармеояд, ки мардум бояд ба шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътимод пайдо намоянд ва танҳо дар ҳамин маврид қудрату тавоноии давлат баланд ва «адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони кишвар таъмин мегардад”. Ҷаноби Э. Раҳмон аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ тавассути ҷавонону ноболиғон изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, садамаҳо бо ширкати ҷавонон афзоиш ёфтаанд, ҳатто аз як хонавода 6 – 7 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ӯ фаъолияти 15 соли Прокуратураи генералӣ ва дигаре аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро ба баррасӣ гирифта, таъкид намудааст, ки онҳо дар заминаи таъмини ҳуқуқ озодиҳои шаҳрвандон дар солҳои охир иқдомоти ҷидиеро рӯйи даст гирифтаанд. Бале, кадом дигаргуние дар заминаи таъкидҳои пайвастаи ҷаноби Э.Раҳмон дар ин маврид эҳсос мешавад, вале раванди кунди масъала ҷавобгӯи нигоҳ доштани оромии кишвар буда наметавонад.

Президент ба иҷрои Қонун дар бораи масъулияти волидайн дар таълиму тарбия ба таври хос бархӯрд карда, арз доштааст, ки дар давоми як соли ахир 1640 нафар падару модар барои риоя накардани ин қонун ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Маҳз ҳамон қонуне, ки қабули он аз нигоҳи усудӣ мантиқист, вале ҷузъиёти он авзои ҷомеаи мусалмониро ба чолиш кашидааст. Вақте қонун шаҳрванди кишварро маҷбуран ба содир кардани ҷиноят мебарад, пас, ислоҳи он бояд ногузир бошад. Вале аз чӣ бошад, ки мақомоти зирабт ба ҳукумат аз воқеияти ҳол гузориши муносиб доданро лозим намебинанд, эҳтимол ин ҷо ҳарос аз равиши коргузорӣ дар низоми феълист, агар худи ҷаноби Э. Раҳмон масъаларо ошкор насозад, касе ҷуръати аз қабл ошкор кардану пешниҳоди ислоҳи масъаларо надорад.

Барои иҷрои саривақтии қонуну дастурҳои ҳукумат, президент ба кормандони прокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дастуру супоришҳои мушаххас дода, онҳоро бори дигар таъкид аз масъулиятшиносӣ кардааст. Чун аз вуҷуди шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот нигароние ҳам сурат гирифтааст.

Бубинед, Э. Раҳмон дар суханронии хеш гуфтааст, аз соли 2010 то кунун нисбат ба 1 211 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва аз ин ҳисоб ба ВУД 406 нафар, ба КДАМ дар якҷоягӣ бо Сарраёсати марзбонӣ 282, ба ВД 261, ба Гвардияи миллӣ 34, ба КҲФ 20, ба Агентии мубориза алайҳи гардиши ғайрқонунии маводи нашъаовар 11, ба Агентии «назорат»-и коррупсия 6, ба Вазорати адлия 28, ба прокуратура 18, ба судҳо 32, ба мақомоти андоз 77 ва ба Хадамоти гумрук 69 нафар рост меояд.

Ҳамчунин аз соли 2010 то имрӯз 58 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам донистаанд. Ҳамаи инро ҷаноби Э. Раҳмон хулосабандӣ карда гуфтааст: “Маълум мешавад, фаъолияти роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир ба тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва аз рӯйи технологияҳои пешрафтаи интихобу ҷо ба ҷо кардани кадрҳо ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди ҷаноби Раҳмон, мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва чигунагии садоқати онҳо ва дигару дигар ҷанбаҳои рафтору кирдори онҳо баҳо медиҳанд. Танҳо дар покиву садоқатмандии миллӣ доштани онҳо қудрату тавоноии давлат боло мераваду адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи хешро шаҳрвандон эъсос мекунанд.

Вақте Э. Раҳмон хитобан ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, ки “ман ба ҳар яки шумо бовар карда, роҳбарии ин ё он соҳаро вогузор кардам…..Фаромӯш накунед, ки иҷрои ин масъулият аз ҳар кадоме заҳмати шабонарӯзӣ, фаъолияти содиқонаву софдилона ва муҳимтар аз ҳама поквиҷдонӣ, нияту дасту дили пок, азму иродаи қавӣ, садоқат ба Ватан ва миллату давлат, инчунин аз ҳама гуна манфиат боло гузоштани манфиатҳои милливу давлатӣ ва суботу оромии кишварро мехоҳад”, пас, ин ҷо дар қалби раҳбари давлат ҳадди ақал ташвишҳое эҷод шудаанд.
Ҳоло зоҳири масъала ин аст, ки кадоме аз раҳбарияти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро аз масъулият сабукдӯш мекарда бошад: Прокуратураи генералӣ ё ВУД?

Аҷиб он аст, ки вақте сарвари давлат зимни суханрониаш ба мавзӯъҳои доғи рӯз дахл мекунад, бахусус ба вазъияи амниятӣ ва мавҷудияти коррупсия, хабарнигорони мустақил роҳ пайдо намекунанд, ки вориди толор шаванд, танҳо ВАО-и давлатӣ бояд ҷузъиёти масоил берун бароранду бас.

Тавре хабаргузориҳо менависанд, маъмурони амниятӣ ва интизомӣ роҳҳои гирду атрофи Кохи Ваҳдатро назорати шадид доштаанд ва ҳаракати одамону нақлиёт дар ин маҳал маҳдуд шудааст./colorend

More From Author

You May Also Like