Кумиссиюни мустаъқили интихобот дар Афғонистон эълони натиҷаи аввалияи интиоботи президентиро дар баробари ба нуқтаи кулминатсионии хеш расидани ҷанҷолҳои интихоботӣ эълом кард, яъне дар ҳоле ки тимҳои ду номзади интихоботӣ: доктор Абдуллоҳ ва А. Аҳмадзай аз пирӯзи худ мегуфтанд.
Юсуфи Нуристонӣ, раиси КМИ ҳангоми эъломи натиҷаи аввалияи интихобот гуфтааст: Аз маҷмуъи умумии 8 миллион овоз, А.Аҳмадзай 4. 485 888 ё 56,44% ва А. Абдуллоҳ 3. 461 639 овоз ё 43,56% овоз ба даст оварданд. Натиҷагирии аввалии овозҳои интихобкунандаҳо нишон медиҳад, ки номзади аввалӣ 1.024 249 овози бештар касб карда будааст. Суоли матраҳ ин аст, ки оё ҳамин тарзи фарқият то эълони натиҷаи ниҳоии интихобот боқӣ мемонад ё таҳавулоти чашмгиреро интизор шудан мумкин аст?
Тавре ишора рафт, натиҷагирии аввалияи интихобот дар вазъияте ошкор мешавад, ки доктор Абдуллоҳ гуфта буд, то оне ки “овозҳои пок аз нопок” тақсимбандӣ намешаванд, натиҷаи интихоботро нахоҳад пазируфт. Ишон ҳатто рақиби худро муттаҳам ба “тақаллуби густарда ва созмонёфта” дар даври дувуми интихобот медонист ва талаб пеш гузошта буд, ки овозҳои маҳаллаҳои баҳсӣ, бахусус он ҷойҳое, ки овози занҳо аз мардҳо бештар аст, тафтишу бозшуморӣ шаванд. Аммо тими интихоботии Аҳмадзай дар ин маврид гуфтааст, овози онҳо поканд ва барои натиҷагирии интихобот баршумурдани онҳо лозим нест.
Дар даври аввали интихоботи президентӣ доктор Абдуллоҳ бо касби 45% ва А.Аҳмадзай 31,56%-и овоз ба даври дувум роҳ ёфтанд.
Навтиҷагирии даври дувум ба таъхир уфтод ва тимҳои интихоботии онҳо: “Ислоҳот ва ҳамгироӣ” ва “Таҳаввул ва тадовум” то нимаҳои шаби 6 ба 7-уми июл ҷаласаи пурбаҳси давомдор доштаанд. Ҳанӯз ҷузъиёти ин баҳсҳо ба ВАО роҳ наёфтаанд, аммо намояндагони ҳарду ҷониб гуфтаанд, нишасти онҳо дар сатҳҳои мухталиф то баъд аз зуҳри рӯзи 7-уми июл идома доштааст.
Аҷиб он аст, ки Комиссияи расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ ваъда дода буд, ки таъхири эълони натиҷаи аввалияи интихобот кори расидагӣ ба шикоятҳоро беҳтар месозад, вале чунин беҳсозии фаъолият ба тими доктор Абдуллоҳ чандон маъқул науфтод ва ҷанҷолҳо дар мавриди поксозиҳои овозҳо ба сурати лозим анҷом нагирифтанд.
Ҳоло тавре интизор меравад, натиҷагирии ниҳоии интихобот дар 22 июл эълон шудааст, вале агар расидагӣ ба шикоятҳо боз ҳам вақти бештарро бигирад, эҳтимол ин марҳала низ ба таъхир андохта шавад. Коре, ки оқибаташ нигаронкунанда ба назар мерасад, агар ду тими интихоботӣ сари масоили баҳсӣ ва хостаҳои худ гузашт карда натавонанду ба тавофуқ нарасанд, бахусус дар мавриди таъсиси давлати эътилофӣ.
Амруллоҳи Солеҳ, узви Шӯрои раҳбарии ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ ва раиси пешини идораи амнияти Афғонистон баъд аз баҳсу баррасии мушкилоти печидаи интихобот ва эълони натиҷаи аввалияи он алакай бо чунин лаҳн гуфтааст: Мо тамоми талаботи хешро зимни хулосабандӣ руи як баҳс қарор гирифтем, он ҳам тафтиши овозҳои интихобкунандаҳо, аммо онро қабул накарданд ва дар баробари иродаи миллат кудато сурат гирифт. Таъаҳуди мо дар баробари субботу оромии кишвари хеш боқист, вале дифоъ аз ҳарими иззати фардӣ ва ҷамъиро ваҷиҳаи хеш медонем.
Мо хоҳони давлати одил ва орӣ аз фасоду табъиз бар асоси раъйи шаффофи миллатем.
Categories
ҶАҲОНИ ИСЛОМ