Categories ҶОМЕА

Эҳтимоли ғорати навбатии шаҳрвандон

Аз суҳбатҳои баъдии мақомот чунин эҳсос мешавад, ки онҳо қасд доранд, нархи барқро дубора боло баранд. Агарчи “Барқи тоҷик” инро дар моҳҳои оянда номумкин мегӯяд, вале Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Вазорати энергетика ва захираҳои об иқрор шуданд, ки комиссияи махсус дар ҳоли баррасии ин мавзӯъ аст. Мушкил ин ҷост, ки афзоиши нархи барқ ҳеҷ гоҳ муносиби вазъи иҷтимоъии мардум сурат нагирифтааст.

Даврон Исҳоқов, мақоми муъованат дар “Барқи тоҷик” эълон дошт, ки моҳҳои наздик нархи истифода аз нерӯи барқ боло намеравад ва “Барқи тоҷик» ҳам дар ин маврид кадом пешниҳоде ба ҳукумат накардааст”. Вале Усмоналӣ Усмонов, вазири энержӣ гуфтааст, чун нархи барқи Тоҷикистон дар минтақа арзонтарин аст, онро гарон хоҳанд кард ва ояндаи наздик нархҳои нави барқ пешниҳод мешаванд. Ин дар ҳолест, ки тарифҳои феълии барқ моҳи апрели соли 2011 муайян шуда, тибқи он, нарх барои мардум бо дарназардошти «андоз аз арзиши иловагӣ барои ҳар киловате 11 дирам муайян шудааст. Барои корхонаҳои саноативу ғайрисаноатӣ 26,63 дирам ва барои идораҳои давлатӣ, обу барқ, нақлиёт ва дигар чизҳо 10,63 дирам мебошад. Феълан боло рафтани нархи барқро то 20% мегӯянд. Албатта, ин бори аввал нест, ки мақомот аз боло бурдани нархи барқ чизе намегӯянд, вале баъди чанде иқдом мешаванд, ки чунину чунон шуд. Аммо доимо ишора аз арзонии барқро аз мадди назар дур намегузоранд, яъне доимо баҳонаеро пеш мегузоранд, гӯё агар «Барқи тоҷик» нархро боло набарад, муфлис мешавад. Пас, асл аз боло бурданҳои нархи барқ ба хотири аз муфлисӣ наҷот бахшидани як ширкати давлатӣ будааст. Оқибати ин нархбаландкуниҳо ба он оварда мерасонад, ки сокинони як кишвари қафомонда, бо маоши 250 ва 600 сомонӣ, муодили 50-100 доллар нархи барқро мисли аврупоиҳо пардохт намоянд.
Муқоисаи нархи бозори Душанбе бо Прага нишон додааст, ки нархҳо дар мо дар баъзе маврид аз Аврупо ҳам баландтаранд. Ин нишонаи он аст, ки боло бурдани нархи обу барқ ва дигар хизматрасониҳо дигар нархҳоро низ баланд бардошта, қобилияти харидории мардумро паст мекунанд. Дар дурнамо бо нархи баланди барқ истеҳсолоти дохилӣ мувоҷеҳи мушкил хоҳад шуд.
Нозим Ишонқулов, директори иҷроияи Маркази бозори озоди кишвар мегӯяд, аз афзоиши нархи барқ ҳайрон нест, зеро ин барои корхонаҳои давлатӣ тамоман воқеъаи оддист, бештар барои монополистҳо таваҷҷуҳангез аст, чун нархи хизматрасонӣ ҳама вақт боло мераваду сифаташ поин. “Албатта, ин кор ба ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ман намефаҳмам, чаро бояд барои як хидматрасонӣ ба тарзи нав пардохт намоем? Оё шиддати барқ боло рафтааст ё техноложӣ аз кор баромадааст? Эҳтимол барои он ки дар зимистон онро тамоман надорем?», ишора мекунад Ишонқулов. Ба қавли мавсуф, агар мушкили «Барқи тоҷик» нарасидани пул бошад, пас, ин маънои онро надорад, ки даромадро афзоиш бахшанд. Бигзор, аввал хароҷоти худро ҳисоб карда, онро кам кунад. Дигар ин ки бояд тавзеҳ диҳанд, 15% нерӯи барқ дар куҷо гум мешавад? Ин ҳоло маълумоти расмист ва дар бораи коррупсия сухан намеравад. Гузашта аз ин набояд ин ширкат даромади худро аз ҳисоби аҳолӣ зиёд кунад. Бигзор нархи барқро барои “ТалКо” зиёд кунанд, ки он ҷо пасттарин нарх истифода мешавад, дар ҳоле ки 40%-и барқи кишварро истифода мебарад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дигар ширкатҳо барқро бо нархи то се маротиба бештар пардохт мекунанд. Дар ин масъала хизмати хирсона кардаанд, ки онро метавон даҳшат гуфт. Зеро агар ин миқдор барқро ба ширкатҳои хусусӣ медоданд, чандин маротиба фоида мегирифтанд.
Коршиносон ба ин назаранд, ки чун барқи Тоҷикистон дар заминаи энергияи об ҳосил мешавад, боло бурдани нархи он ҳеҷ зарурат надорад. Зеро боло бурдани нархи барқ пеш аз ҳама зарбаест ба кисаи мардуми фақир ва ҷое барои ҷор задан аз иҷтимоъияти давлат боқӣ намемонад.
Фикр мекунам, мушкил дар ширкатҳои бузурги Тоҷикистон аст, ки қарзи истифодаи барқро пардохт намекунанд, вале ин хисорот аз кисаи мардум гирифта мешавад. Боло бурдани нархи барқ бояд асоснок ва воқеъияти масъала ҳам таҳлил карда шавад, ки оё ҷомеаи шаҳрвандӣ дар арафаи муҳокимаи ин раванд ширкат дошт? Вақте ҷомеъа пули барқро месупорад, мусаллам аст, ки давлат бояд бо ҷомеъа дар гуфтугӯи мустақим қарор бигирад, чун бе пардохти пули мардум давлат ҳеҷ аст. Вақте нархбандӣ сирф аз ҷониби мақомоти давлатӣ сурат мегирад, ин дигар на иҷтимоъӣ будани давлатро нишон медиҳаду на демократӣ будани онро. Нархгузориҳое, ки дар мавриди истифодаи барқ сурат мегиранд, мардумӣ нестанд. Бештар аз рӯи тавсияҳои хоҷагони хориҷӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ сурат мегирад, ки усули онҳо тамоман бар хилофи манфиатҳои миллӣ мебошад. Шояд мардум фикр мекунанд, ки кишвари мо гидроэнергетикӣ асту иқтидорҳои бузурги энержӣ дорад, аммо вақте нархҳоро боло мебардоранд, ҷуз зулм болои мардум дигар чизе нест. Мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ дӯсти абадӣ надошт, балки манфиати он хусусияти доимӣ доштааст. Аз ин хотир, боло бурдани нарх бояд дар меҳварияти муносибатҳои давлат ва ҷомеъа қарор дошта бошад.
Албатта, нарх боло рафта метавонад, вале он дар баробари беҳтар шудани назокатҳои хидматрасонӣ бояд сурат бигирад. Агар дар мо нархи барқро боло мебаранд, кадом беҳбудие дар хидматрасонӣ ба чашм намехӯрад. Бубинед, дар 2 ҳафтаи ахир, ки хунукиҳои шадид идома дорад, истифодаи барқ дар аксари навоҳӣ қатъ гаштааст. Пас, чаро маҳз ҳарфи боло бурдани нархи барқ дар зимистон садо медиҳад? Воқеъият ин аст, ки мақсади аслии “Барқи тоҷик” ҳарчи бештар ситонидани пул аз мардум аст. Агар ин тавр намебуд, Оҷонсии мубориза алайҳи фасод ошкор намекард, ки “Барқи тоҷик” ҳаққи барқро аз мардум ҷамъ мекунад, вале дар ҳисоботҳо қарздор будани мардумро нишон медиҳад. “Қарзи муштариёни шаҳри Душанбе дар қиёс ба январи соли 2012 39,4 млн. сомонӣ ва апрели соли 2013 62,9 млн. сомониро ташкил медиҳанд, агарчи ин қарзҳо дар ҳисобот беасос 2-3 баробар зиёд нишон дода шуда, мутаносибан ба маблағи 96,8 млн. сомонӣ ва 120,6 млн. сомонӣ сабт карда шудаанд”.

Шуҳрат Набиев

More From Author

You May Also Like