Абдулатифи Ҳаммод
nahzat.tj
Кашфиёти илмӣ дар Амрико зимни як таҷрубаомузӣ ба исбот расонда аст, ки пиронсолоне ки рӯзона қаҳва менушанд, аз касоне ки истифода намебаранд ё гоҳ вақт менушанд, камтар ба марги ногаҳонӣ дучор мешаванд.
Донишмандоне ки дар ин таҷрубаомузӣ иштирок карданд мегуянд: «Ҳангоми санҷиш бар 400 ҳазор нафар муайян карда шуд, ки нушидани қаҳва бо мурдани ногаҳонӣ аз қабили сактаи қалбу мағзи сар ва сарояту садама, иртиботи хос дорад.»
Сардори гурӯҳи таҷрубаомузон, Нил Фридмон мегуяд: «Мо медонем , ки қаҳва бар мағзи сар таъсир дорад, аз ин лиҳоз шояд дар солим будани устухонҳо таъсир ҳам дошта бошад.»