Categories Ахбори рӯз

Ҳабибхон Саидзода: шумо ходими худро интихоб кардед

Имрӯз дар маркази ҲНИТ конфронси бахши ноҳияи Шоҳмансури ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон баргузор шуд. Конфронс ба хотири интихоби раис ва раиси камиссияи тафтишотии ҳизб дар ин ноҳия кори худро оғоз намуд. Дар рафти конфронс Эшони Ҳабибхон Саидзода аз фаъолияти дусолаи худ гузориш дод. Дар гузориши худ таъкид намуд, ки вақте ду соли пеш масъулияти раҳбарии ин ноҳиро бар уҳда гирифтам он танҳо 315 аъзо дошт. Аммо имрӯз аъзои он ба 620 нафар расидааст. Эшон таъкид намуданд, ки ман намегӯям кори хеле хубе кардаам, аммо ҳамаи талоши худро барои пешрафт ва беҳбуди кори ҳизб анҷом додам.

Баъд аз баҳсу муҳокимарониҳо вакилон бори дигар бо аксарияти овозҳо Ҳабибхон Саидзодаро ба раисии бахши ноҳияи Шоҳмансури ҲНИТ интихоб намуданд. Ҳамчунин онҳо Қараев Илҳомиддинро ба ҳайси раиси камиссияи тафтишотии ҳизб дар ин ноҳия интихоб намуданд.

Дар охир ҳам раиси тозаинтихоб суханронӣ намуд ва аз вакилон барои бовариашон ташаккур намуд. Ӯ ба вакилон ва меҳмонони конфронс хитоб намуд, ки шумо имрӯз на раис балки ходими худатонро интихоб намудед ва ман тамоми талошамро мекунам, ки ба ин боварии шумо сазовор бошам.

More From Author

You May Also Like