Ҳавасамандии ИМА ба ҳалли буҳрони Афғонистон

Кобул боз як рӯзи дигарро баъд аз эълони натоиҷи аввалияи интихоботи президентӣ дар даври дувум пушти сар гузошт, ки ноқаноъатмандӣ аз натиҷагирии КМИ боиси шакл гирифтанги буҳрони навбатӣ дар ин кишвар шуданаш мумкин аст.
Масъала ин аст, ки тими «Ислоҳот ва Ҳамгироӣ» ва номзади он ба мақоми президентӣ доктор Абдуллоҳ эълон шудани натоиҷи аввалияро хилофи талабҳои пешгузоштаи тими хеш ба КМИ ва нодида гирифтани ин комиссия аз бозшумории раъй дар чандин минтақаҳои ишорашуда, бахусус маълум кардани раъйҳои «пок» аз «нопок» медонанд. Боиси шиддат гирифтани буҳрон ва пайдо шудани хушунат он аст, ки доктор Абдуллоҳ дирӯз, 8-уми июл зимни суханронӣ дар як гирдиҳамоии мардумӣ дар Кобул бо ишора ба чанд маврид арз дошт:
-барандаи интихобот бидуни шакку шубҳа мо ҳастем;
-иҷозаи барқарории ҳукумати тақаллубиро, ҳатто барои як рӯз намедиҳем;
-фишор, таҳдид ва татмеъ ба ҳеҷ ваҷҳ дар мавриди мо муассир нахоҳад буд;
– ба мардуми Афғонистон итминон медиҳам, ки ҳукумати мавриди назари онҳоро эълом хоҳам кард.
Ин чор мавриди ишорашуда то ҷое ба ҳам васлу вобастаанд, вале банди чаҳоруми он хеле ҷиддӣ ва ҷанҷолбарангез буда метавонад, агар ин кор таъҷилӣ сурат бигирад. Яъне то эълони натоиҷи ниҳоии интихобот ду ҷониби баҳс дар таъсиси давлати эътилофӣ ва интиқолӣ бояд ба тавофуқӣ усулӣ бирасанду онро эълон намоянд.
Даъвои тими «Ислоҳот ва Ҳамгироӣ» дар мавриди амалкардҳои тақаллубӣ ва хиёнат ба раъйи мардум аз сӯйи КМИ-ро давлати феълии бо сарварии Ҳомид Карзай набояд нодида бигирад, агар барои он суботи оромии кишвар муҳим бошад, на манфиъатхоҳиҳои дигаре. Феълан ӯ бо пахши як эъломияе гуфтааст: натоиҷи ибтидоии даври дувуми интихоботи раёсатиҷумҳуриро гоми дигаре дар роҳи такмил шудани раванди интихоботи Афғонистон медонам.
Ҷаноби Карзай дар баробари вокунишҳои тими «Ислоҳот ва Ҳамгироӣ» кадом ишораи ошкореро ҷоиз надониста, аммо дар муроҷиъат ба мардум ба таври нозук ба ҳар ҳол, ишораеро ҷиҳати ҳифзи суботу амният лозим дидааст, агар он риъоя шавад, яъне аз мардум хоста, ки “сабру шикебоӣ ва ҳамбастагии худро ҳамонанди қабл ҳифз кунанд ва барандаи интихобот замоне мушаххас хоҳад шуд, ки натоиҷи ниҳоӣ баъд аз расидагӣ ба шикоятҳо ва ҷудо кардани орои дуруст аз нодуруст эълом хоҳад шуд”.
Ӯ ҳамчунин бо ибрози умедворӣ гуфта, ки комиссиюнҳои интихобот барои таъмин кардани шаффофияти том вазифадорад ва онҳо бо дарки масъулияти таърихии хеш дар заминаи ҳамкорӣ бо номзадҳо баррасии раъйҳоро бояд анҷом диҳанд.
Гузашта аз ин Карзай итминон дода, ки номзадҳо ҳам бо назардошти манофеи олии кишвар роҳи тафоҳумро пеш хоҳанд гирифт. Аммо мавқеъи Маҳмуд Карзай, бародари раисиҷумҳури амалкунандаи Афғонистон дар қиёс бо ҳарфҳои Ҳомид Карзай ба дурнамои хатарноке далолат мекунанд, ки дар мусоҳиба ба ТВ “Тулуъ” арз доштааст: “Бо даст ёфтан ба қудрат, оқои Ашраф Ғанӣ аз худаш ё Чингизхон ҷур мекунад ё Темури ланг”.
Суоле ба миён меояд, ки изҳори назари ҷаноби М. Карзай ба ин тарз ба ноумед шуданаш дар расидан ба қудрат аст ё дар воқеъ, ӯ аз кадом хатаре огаҳӣ дорад? Ба ҳар ҳол, ин гуфтаҳо наметавонанд қишрҳоеро дар ҷомеаи Афғонистон барои дурнамо нигарон насозанд.
Эълони натоиҷи интихобот ва вокунишҳои тими «Ислоҳот ва Ҳамгироӣ» дар изҳори назари раҳбарияти ИМА бетаъсир набудааст. Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи ин кишвар зимни пахши баёнияи худ гуфтааст: ман бо нигаронии амиқ гузоришҳои марбут ба эътирозот дар Афғонистон ва тарҳи масъалаи ташкили “давлати мувозӣ»-ро мулоҳиза кардаам.
Ба андешаи ӯ, «оқибати ҳар навъ иқдоме барои касби қудрат бо роҳи ғайриқонунӣ дар Афғонистон қатъи ҳимояти молӣ ва амниятии ИМА ва ҷомеаи байналмилал аз он кишвар аст”.
Таври маълум, раисҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии ИМА доктор Абдуллоҳ тавассути телефон мулоқот доштаанд ва қарор аст, Ҷон Керри рӯзи ҷумъа, 11-уми июл ба Афғонистон биёяд.
Тавре доктор Абдуллоҳ гуфтааст, ӯ қавл дода, ки “дар муқобила бо тақаллуб ва барои ифшои тақаллуб дар канори мардуми Афғонистон” мебошад.
Бале, ИМА корҳои зиёдеро зимни ҳузури худ дар Афғонистон анҷом додааст ва ҳавасманди он нест, ки манофеаш зери хатар қарор бигиранд, Чунки имкон дорад, ки аз вазъияти буҳронии феълии Афғонистон ҷонибҳои дигар барои худ истифода баранд. Бубинед, ҳатто намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистону Покистон ҳам бо интиқод аз услуби эълони натоиҷи интихобот гуфтааст, ки хуб мешуд элони натиҷагириҳоро ҳоло ҳам таъхир мекарданду дар паҳлуҳои баҳсиии масъала баррасии дақиқ анҷом мегирифт.
Матлаби мазкур дар ҳоле таҳия мешавад, ки аз чигунагирии мавқеъгирии ҷаноби Ашрафғанӣ Аҳмадзай, даъвогари дигари мақоми раёсатиҷумҳурӣ чизе ошкор нест, чун ӯ ҳам дирӯз бояд конфронси матбуъотии хешро доир месохт.

More From Author

You May Also Like