Баъд аз оне, ки ба парлумони Конодо ҳамлаи террористие сурат гирифт мардум ваҳшатзада шуданд. Нахуствазири ин кишвар Стиван Ҳарпер эълон кардааст, ки Конодо намеҳаросад.
Ҳамла ба парлумони Канада дар пойтахти ин кишвар шаҳри Оттава дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳушдор дар бораи амалиёти террористӣ ба ҳадди миёна боло омада буд. Сатҳи ҳушдор ба он хотир боло бурда шуд, ки ҷангҷуёни ДИИШ дар чанд рӯз пеш дар як паёми интернетӣ бархе кишварҳо аз ҷумла Канадаро ҳам таҳдид карда буданд.
Ба гуфтаи бархе расонаҳо ҳамлагари кушташуда як шаҳрванди дурагаи конодоӣ будааст, ки дар парлумони ин кишвар ба қатл расидааст. Падари ӯ либиёӣ ва модараш конодоӣ будааст ва зоҳиран гуфта мешавад, ки ҷадидан ба ислом гаравидааст.
Конодо яке аз кишварҳои пешрафтае аст, ки теъдоди мусалмонон дар он рӯ ба афзоиш ҳастанд ва метавонанд озодона ба ибодат ва зиндагӣ бипардозанд. То имрӯз дар ин кишвар ягон мушкили бузурге бо мусалмонҳо рух надодааст. Аммо чунин амалҳо бетаъсир нахоҳанд буд.
Ин кор баҳонае ҳаст барои гурӯҳҳои мутаассибе, ки мехоҳанд дар миёни мардуми ин кишвар ба исломҳаросӣ доман бизананд ва барои мусалмонон мушкилоти бештаре эҷод кунанд. Бинобарин метавон гӯфт, ки ҳоло як баҳонаи наве барои исломҳаросӣ ба дасти бархе гурӯҳҳо дода шуд.