Кофи Аннон, фиристодаи вижаи байналмилалӣ барои Сурия, рўзи душанбе 28 – май гуфтааст, ки ба хотрири куштори беш аз 100 тан аз шаҳрвандони Сурия ваҳшатзада шудааст.
Ў аз «тамоми афроди мусаллаҳ» хост то силоҳи худро ба замин гзошта аз куштори мардум даст бикашанд.
Кофи Анан ба хотири музокирот бо Башор Асад, раиси ҷуумуҳури Сурия ва намояндагони мақомоти олии он кишвар рўзи душанбе вориди Димишқ шуд.
Куштори беш аз сад нафар дар Ӽевла, сабаби интиқоди бештари байналмилалӣ аз режими Асад шуд.
Шурои амнияти СММ рўзи якшанбе пас аз ташкили ҷаласаи изтирорӣ, нерӯҳои ҳукуматии Сурияро, ба хотири гулулаборон кардани хонаҳои истиқоматӣ маҳкум кард.